Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар сабқати қитъавӣ


Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзю-до, ки аз 5 то 6-уми апрел дар шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик ноком шуданд.

Ба иттилои Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сабқати қитъавӣ панҷ гуштигири тоҷик ширкат карданд ва аз байни онҳо ду нафар натиҷаи нисбатан хубтар нишон доданд.
Ҷамшед Халилов , Фаррух Собиров ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гаштанд...


Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило сабқатро аз даври дуввум шурӯъ кард ва бар рақибаш Рамазон Моҳир аз Фаластин дастболо шуд.

Баъдан ӯ дар даври баъдӣ аз гӯштигири қазоқ Ислом Бозбоев мағлуб гашт. Фарҳод барои ҷои севум аз паҳлавони эронӣ Ҳамид Ҳошиминзод шикаст хӯрд ва дар ҷамъбаст дар мақоми ҳафтум қарор гирифт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Абубакр Раҳмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум дар вазни беш аз 100 кило аз Юрий Кроковетский (Қирғизистон) шикаст хӯрд ва ба иллати латхӯрӣ аз қувваозмоӣ дар даври баъдӣ бо Батсуури Намсрайҷав (Муғулистон) даст кашид ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Се паҳлавони дигари тоҷик - Ҷамшед Халилов (вазни то 60 кг), Фаррух Собиров (то 66 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (то 100 кг) бошанд, дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гаштанд.

Ширинҷон Мамадсафоев афзуд, дар сабқати қитъавӣ Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, ба иллати лат хӯрдани дасташ ширкат накард.

Дар ин мусобиқа чаҳор паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ – Гванг Ҳйен Чой (то 66 кг), Ки Чун Ванг (то 73 кг), Ҷаи Бум Ким (то 81 кг) ва Кю Вон Ли (то 90 кг), ду гуштигири Узбакистон – Рамзиддин Саидов (то 100 кг) ва Абдулло Тангриев (+100 кг), як намояндаи Ҷопон - Ҷунпей Моришита (то 66 кг) ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG