Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои ноором кардани минтақаи қабиланишини Покистон як ҳамла ва ё тасодуфе кофӣ аст.

Бештара шудани ҳузури Толибон дар минтақаи Куррум нигарониҳоеро дар ин вилояти маъруф бо ихтилофҳои мусулмонони суннӣ ва шиатабори Покистон ба бор овардааст.
Ба ман биҳишт, ҳуру ғилмон лозим нест. Ба ман чароғе лозим аст, ки маро аз ин торикӣ берун кашад...


Раҳбарони қабилаҳои Куррум баъд аз музокироти тӯлонӣ мувофиқат карданд, ки бархӯрдҳои мазҳабиро канор гузошта, дар шароити сулҳу оштӣ ҳазорҳо фирории дохилиро аз гӯшаҳои мухталифи Покистон ба хонаҳояшон дар минтақаи Куррум баргардонанд.

"БА МАН ЧАРОҒ ЛОЗИМ АСТ..."

Ҳукумат ваъда дод, ки миллионҳо долларро ба хонаводаи фирориёни бозгашта ҳамчун ҷуброн тақдим хоҳад кард. Ҳамин гуна моҳи марти соли ҷорӣ раҳбарони қабилаҳои мухолиф сари дастархони оштӣ нишастанд.

Ба ин муносибат шоир Юсуф Маранҷ ҳам достоне суруд, ки бомбгузориҳои маргталабонаи Толибонро маҳкум мекард: "Ба ман биҳишт, ҳуррӣ ва ғилмон лозим нест. Ба ман чароғе лозим аст, ки маро аз ин торикӣ берун кашад."

Вале чанд рӯз пеш гурӯҳи иборат аз 12 силоҳбадаст ба се автобусе, ки фирориёни шиамазҳабро ба шаҳри Парачинори Куррум интиқол медод, ҳамла карданд. Ҳашт сарнишини автобус дар ҷои ҳодиса кушта шуданд. Панҷ нафари дигар аз ҷароҳатҳо дар шифохона ҳалок гашта, 35 нафари боқимондаро силоҳбадастон ба гарав гирифтанд.

КОРИ ДАСТИ ТОЛИБОН?

То кунун фақат ҳафт гаравгон, яъне кӯдакону занҳо раҳо шудаанду макони будубоши дигарон номаълум аст. Вакили маҷлиси қонугузори Покистон ва раҳбари яке аз қабилаҳои Куррум Соҷид Ҳусайн Турӣ дар ин бора мегӯяд: "Ҳама мутаассифанд, вале касе ҳақиқатро намегӯяд. Воқеият ин аст, ки силоҳбадастон марбут ба Толибон ва ба вижа Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, Фазл Саид Ҳаққонӣ ва Мулло Нур мебошанду масъулияти нокомии ин созиш бар дӯши онҳост."

Дар ин иртибот коршиносон хотирнишон мекунанд, ки моҳҳои ахир дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин Толибон аз Вазиристони ҷанубӣ ва шимолӣ ба Куррум кӯч баста, тавассути Куррум ба Афғонистон равуо мекунанд.

ВАЪДАҲОИ ИҶРОНАШУДАИ ҲУКУМАТ

Масъалаи дигаре, ки таҳкими назму суботи Куррумро заиф мекунад, ваъдаи то кунун иҷронашудаи ҳукумат дар мавриди ҷуброни хасороти фирориёни бозгашта аст.

Сарвазири Покистон гуфта буд, ки ҳукумат ба хотири ҷуброни хасороти фирориёни бозгашта якуним миллиард рупия, яъне тахминан 17,5 миллион доллар тахсис медиҳад, ки сар аз моҳи март ба ҳар фирории бозгашта сарфи назар мазҳаби ӯ тавзеъ хоҳад шуд.

Аммо раиси Лояи Ҷирга ё худ Маҷлиси Бузурги пирони қабилаҳои Куррум Малик Ворисхон Афридӣ мегӯяд, то ҳол касе ҷубронпулӣ нагирифтааст
Коршиносон мегӯянд, акнун раванди сулҳ дар минтақаи Куррум ба иқдомҳои босуръати Исломобод вобастааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрон ваъдаҳояшро иҷро намояд.
XS
SM
MD
LG