Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи хунин ба қароргоҳи пулиси Қандаҳор


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бомбгузорони маргталаб ва афроди мусаллаҳ имрӯз ба як қароргоҳи полис дар шаҳри Қандаҳор ҳамла карданд. Ба гуфтаи онҳо, се бомбгузор худро дар дохили қароргоҳ мунфаҷир карда ва афроди мусаллаҳ бо нерӯҳои афғон вориди даргирӣ шудаанд. Хон Муҳаммад Муҷоҳид, сардори раёсати полиси вилоят гуфт, дар ин ҳамла шаш маъмури амниятии афғон кушта шудаанд. Чархболҳо ва мошинҳои зиреҳпӯши амрикоӣ барои кӯмак ба нерӯҳои афғон ба маҳалли ҳодиса шитофтаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд, ки як соат идома кардааст.
XS
SM
MD
LG