Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алкоҳоли техникӣ ду коргари қазоқро кушт


Дар Қазоқистон, ду корманди як ширкати нафтӣ бар асари истеъмоли алкоҳоли техникӣ ҳалок шудаанд. Мақомоти расмии вилояти Атирау дар ғарби Қазоқистон гуфтанд, кормандони ширкати нафтии “Сан Дриллинг” рӯзи панҷуми апрел, алкоҳолеро истеъмол кардаанд, ки барои истеъмол муносиб нест ва умдатан барои корҳои поккорӣ истифода мешавад. Чаҳор ҳамроҳи дигари онҳо башиддат заҳролуд шуда ва ба бемористон интиқол ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG