Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як реактори Фукушимаро бо нитроген сард мекунанд


Ҷопон талош дорад, то аз фалокати бузургтар дар Фукушима ҷилавгирӣ кунад
Ҷопон талош дорад, то аз фалокати бузургтар дар Фукушима ҷилавгирӣ кунад
Ҷопон барои сард кардани як реактори нерӯгоҳи атомии осебдидаи Фукушима ба он нитрогени моеъ рехтааст. Ширкати тавзеъи нерӯи барқи Токио, гуфт, аз ин роҳ онҳо мехоҳанд, аз ҷамъшавии гидроген ва инфиҷори эҳтимолии реактор ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, эҳтимоли инфиҷори гидроген, ки реакторҳои якум ва саввуми нерӯгоҳи Фукушимаро хароб ва маводи радиоактиви зиёдро нашр кард, ҳоло бисёр кам аст. Пештар аз ин Ҷопон рахнаеро дар як реактор баст, ки аз он маводи радиоактив ба дарё мерехт.
XS
SM
MD
LG