Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, ҷавонони тоҷик барои дарёфти шаҳрвандӣ бо духтарони рус "никоҳҳои сохта" мебанданд.

Ахиран Додситонии вилояти Калугаи Русия никоҳи як ҷавони 27-солаи тоҷик бо як зани 49-солаи русро бекор кард.
Борҳо коршиносону таҳлилгарони сиёсӣ ҳушдор дод буданд, ки талоши дастҷамъии муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти шаҳрвандии Русия, аз лиҳози сиёсӣ барои Тоҷикистон паёмадҳои хубе надорад...


Ҳангоми санҷиши додситонӣ маълум шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон танҳо бо ном ва дар ҳуҷҷат ҳамсари ин зани рус аст, вале дар асл бо ӯ ҳеҷ робитаи ҳамсарӣ надорад.

Ин зан низ иқрор кардааст, ки ба ивази гирифтани 15 ҳазор рубли русӣ розӣ шудааст, бо ҷавони тоҷик ақди никоҳ бандад. Мақомоти интизомии Русия хабар додаанд, ки ҳолатҳои никоҳи таққалубии шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон бо хонумҳои рус, ки онҳо ошкор кардаанд, афзоиш ёфтааст.

ҲАДАФ: ДАРЁФТИ САНАДИ ШАҲРВАНДӢ

Ба гуфтаи мақомоти Русия, издивоҷҳои таққалубӣ танҳо ба хотири дарёфти шаҳрвандии ин кишвар сурат гирифтааст. Аммо Абубакр Чориев, як муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, доир ба никоҳҳои сохта расонаҳо муболиға мекунанд, ҳарчанд дарёфти шаҳрвандии ин кишвар орзуи муҳоҷирон аст.

Абубакр Чориев
Ба гуфтаи ӯ, худи хонумҳои рус низ талош мекунанд, то шавҳари ҷавони тоҷик дошта бошанд ва ҳатто бештари онҳо бидуни сабти никоҳи расмӣ як ҷо зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, интихоби ҳамсари бузургсоли рус ба он хотир будааст, ки ӯ аз ҷавони тоҷик талаботи молӣ надорад.

Ҷаноби Чориев мегӯяд, "Аз сӯи дигар издивоҷи воқеӣ бо хонумҳои рус як роҳи ҳимоя аз худ аст, барои муҳоҷирон. Вақте як зани рус мегӯяд, ки ин шавҳари ман аст, таъқибу шиканҷаи муҳоҷир камтар мешавад. Занҳои бузургсолтари рус низ барои дарёфти як ҳамнафасу ҳамдами хуб хеле хоҳиши издивоҷ бо муҳоҷирони тоҷик доранд. Дар ин ҷо ҳарду тараф манфиатдоранд. Бисёре аз мардикорон ғайрирасмӣ издивоҷ мекунанд, зеро онҳо дар Тоҷикистон ҳамсар доранд ва дар шиносномаҳояшон мӯҳри ЗАГС доранд. Фақат никоҳ мекунанду зиндагӣ кардан мегиранд."

ЗАНОНИ ТОҶИК НИЗ ҚАФО НАМЕМОНАНД

Назари Мирзода
Издивоҷ бо занҳои рус барои муҳоҷирон як амри маъмулӣ шуда орзӯи зиндагии осуда ва қонунӣ дар қаламрави Русия ба барномаи аслии бисёр муҳоҷирон табдил шудааст. Ба назар мерасад хонумҳои рус низ ба ахлоқи хуби муҳоҷирони тоҷик хӯ гирифтаанд ва дар бисёр мавридҳо тоҷикҳоро ба ҳамсарӣ интихоб мекунанд.

Назари Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, мегӯяд, ҳарчанд омори дақиқе рӯи даст нест, лек тавре мушоҳида мешавад, тайи ду соли ахир никоҳҳои сохта ва воқеӣ бо хонумҳои рус бештар шудааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, тайи ин ду соли ахир барои шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфти шаҳрвандии Русия ё душаҳрвандӣ мушкил гардид.

"Дар ин ду сол қонунгузории Русия барои тоҷикон дарёфти шаҳрвандиро мушкил гардонд. Онҳо метавонанд, аз рӯи квота шаҳрвандӣ бигиранд, аммо ин мӯҳлати зиёдро талаб мекунад. Бо издивоҷ ба шаҳрвандони Русия ин кор зудтар анҷом мешавад. Ба ин хотир роҳи осонтар зангирӣ ҳаст",-илова кард ҷаноби Мирзода.

Ба гуфтаи Назари Мирзода, ҳоло на танҳо мардони тоҷик, балки занҳои тоҷик ҳам, то ҳадди имкон талош мекунанд, то бо шаҳрвандони Русия издивоҷ кунанд. Дар ин ҳолат онҳо аз миёни мусулмонони Қафқоз ва дигар мусулмонони Русия, ки шаҳрванди ин кишвар ҳастанд, ҳамсар интихоб менамоянд.

ЗАНИ РУС ДОРӢ, ОЗОДӢ?!

Хурсанд Ҷумъаев, як муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, ин ҳама талошҳо танҳо ба хотири кори беҳтару зиндагии осоишта дар ҳудуди Русия аст: "Барои бисёри кишварҳои Осиёи Миёна дарёфти шаҳрвандии Русия бо имтиёзу осон аст. Мо мебинем, ки онҳо бо дарёфти шаҳрвандӣ чи гуна имтиёзҳо доранд. Дар ҷои кор аз мо маоши бештар мегиранд, ҳарчанд ба мисли мо кор намекунанд. Дар кӯча ҳам вақте пулис мебинад, ки шиносномаи русӣ дорӣ, кордор намешавад. Агар фарзандонат дар Русия бошанд, таълиму таҳсили хуб мегиранд. Вақте ин қадар имтиёзҳо дорӣ ва кори хубу маоши хуб гирифта метавонӣ, пас талош мекунӣ, то зудтар шаҳрвандӣ бигирӣ. Яъне бо гирифтани шаҳрвандӣ мушкилҳо рафъ мешаванд, ва дари сабукиҳо ба рӯят кушода меагардад."

Бар асоси иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион сокини Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири корианд. Онҳо барои дарёфти ҷои кори мувофиқ ва маоши беҳтаре талош мекунанд, шаҳрванди Русия ё ҳадди ақалл ду шаҳрвандӣ дошта бошанд. Ин ҳам дар ҳолест, борҳо коршиносону таҳлилгарони сиёсӣ ҳушдор дод буданд, ки талоши дастҷамъии муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти шаҳрвандии Русия аз лиҳози сиёсӣ барои Тоҷикистон паёмадҳои хубе надорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG