Пайвандҳои дастрасӣ

Тақвими бозиҳои “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC


Тими "Истиқлол" (Акс аз бойгонӣ)

Тими "Истиқлол" (Акс аз бойгонӣ)

Тақвими бозиҳои тими “Истиқлол”-и Душанбе дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC) тасдиқ шуд.

Сабқати гурӯҳи “В” рӯзи 13-уми май дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон шурӯъ мешавад. Нахуст тими мизбон - "Яданарбон" ва "Йидзин" (Бутан) рақобат мекунанд.

Пас аз ин бозӣ, дар варзишгоҳи Маркази тамринии ҷавонони Янгон дастаи "Истиқлол" бо тими "Ҷабал Ал-Мукабир"-и Фаластин қувва меозмояд.

Қаҳрамони Тоҷикистон 15-уми май бо тими "Йидзин" ва 17-уми май бо дастаи мизбон - "Яданарбон", барандаи Ҷоми раиси AFC-2010, бозӣ хоҳад кард.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешқадам ба сабқати ниҳоӣ, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, роҳхат мегирад. Шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, барои Ҷоми раиси AFC мубориза хоҳад бурд.

Гурӯҳи "В" (13 – 17-уми май)

Даври аввал:

13-уми май (ҷумъа)
15.30 – «Яданарбон» – «Йидзин»
18.00 – «ИСТИҚЛОЛ» - «Ҷабал Ал-Мукабир»

Даври дувум:

15-уми май (якшанбе)
15.30 – «Йидзин» - «ИСТИҚЛОЛ»
18.00 – «Ҷабал Ал-Мукабир» - «Яданарбон»

Даври севум:

17-уми май (сешанбе)
15.30 – «Яданарбон» - «ИСТИҚЛОЛ»
18.00 – «Ҷабал Ал-Мукабир» - «Йидзин»

Ҳайати ду гурӯҳи дигар бар асоси қуръакашӣ чунин аст:

Гурӯҳи “А”

1. «Пномпен Краун» (Камбоҷа) – мизбон
2. «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
3. «Абахани» (Бангладеш)
4. «Дон Боско» (Шри-Ланка)

Гурӯҳи “С”

1.«Непал Полис» (Непал) – мизбон
2. «Тайван Пауэр» (Тайван)
3. «Небитчӣ» (Туркманистон)
4. ВАПДА (Покистон)
XS
SM
MD
LG