Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон мехоҳад, дар Тоҷикистон ба ҷои нерӯгоҳҳои бузург нерӯгоҳҳои камиқтидор сохта шаванд.

То ин ки, ба гуфтаи мақомоти Тошканд, риск ё эҳтимоли пеш омадани кадом фоҷеае бар асари заминларза ё хушкшавии рӯдхонаҳои поёноб камтар шавад.
Узбакистон мегӯяд, ба хотири бехатарии зистмуҳитии минтақа мехоҳад, Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳҳои кӯчак пардозад, то тавозуни зистмуҳитӣ ҳифз карда шавад...


Ин пешниҳод аз тарафи ҳайати Узбакистон дар нишасти ахири Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) садо дод, ки матни он дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон низ нашр шудааст.

УЗБАКИСТОН ВА САДДҲОИ БУЗУРГ

Тошканд пас аз ин ҳамоиши радду бадалҳо дар заминаи баҳрабардорӣ аз захираҳои обу энержӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз пайи таъсиси як Кумитаи миллӣ дар умури саддҳои бузург шуд.

Ба қавли намояндагони ниҳодҳои зидахли Узбакистон, ҳадаф аз таъсиси ин Кумита ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияти саддҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун мебошад.



Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, Узбакистон тақрибан дар муддати се моҳи гузашта дар масъаалаи Роғун хомӯш буд, вале пас аз изҳори назарҳои мусбати коршиносони байналмилалӣ дар мавриди обанбори Роғун, дубора мавзӯи хатарзо будани сарбанди ин обанборро мехоҳад ба таваҷҷӯҳи ҳамагон кашонад.

Мурод Аминҷонов, коршиноси Пажӯҳишгоҳи обу обёрии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон ҳануз шаш сол қабл бо бархостани баҳс дар атрофи обанбори Роғун Кумитаи байналмилалӣ дар умури саддҳои бузург таъсис дода буд, ки феълан қароргоҳаш бинои ширкати «Барқи тоҷик» аст.

"АГАР ХАТАРЕ МЕДОШТ..."

Ҳамин кумита, ки котибаш Ҳомидҷон Орифов мебошад, чанд сол қабл дар Брусел масъалаи нерӯмандии муқовимати сарбанди Роғунро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шинос кардааст.

Ба қавли Аминҷонов, сарбанди Роғун ҳануз дар замони Шӯравӣ дар собиқ Госплани СССР маҳз ба хотири таъмини Узбакистону Туркманистон бо об дар фасли баҳору тобистон тарҳрезӣ шуда буд.

"Дар Узбакистон ба тахмини мо ҳудуди 70 обанбор аст, ки шояд ин Кумитаи миллӣ ба омӯзиши ин сарбандҳо машғул мешавад. Бигузор, ин кумита масъалаи сарбанди Роғунро биомӯзад ва ҳамин, ки пешниҳоди умум кард, мебинем, ки чӣ гуфтааст. Лекин сарбанди Роғун дар замони Шуравӣ аз тарафи даҳҳо академикҳову мутахассисони Шӯравӣ бо пешниҳоди худи Узбакистон мавриди омӯзиш қарор дода шуда буд ва асоснок карда шуда буд. Агар хатаре вуҷуд медошт, ҳамон вақт изҳор медоштанд",-илова кард ҷаноби Аминҷонов.

200 НЕРӮГОҲИ ХУРДУ ЯК РОҒУН

Ҳоло Узбакистон ба хотири бехатари зистмуҳитии минтақа мехоҳад, ки Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳҳои кӯчак пардозад, то тавозуни зистмуҳитӣ ҳифз карда шавад. Бино ба иттилоиВазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон , дар зарфи 20 соли гузашта дар манотиқи мухталифи ин кишвар беш аз 200 нерӯгоҳҳои хурду мутавасит сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Аммо сардори раёсати Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар умури нерӯгоҳҳои хурду миёна Вайсиддин Саидов мегӯяд, теъдоди зиёди нерӯгоҳҳо натавонист талаботи Тоҷикистонро ба барқ қонеъ созад ва феълан Тоҷикистон ба норасоии 8 миллиард киловат соат барқ рӯ ба рӯст.

Вай афзуд, "то ҳамин ҳоло дар чаҳор вилояти Тоҷикистон 241 нерӯгоҳи барқи обии хурду миёна бо иқтидори аз панҷ то дувуним ҳазор киловат соат сохта шудааст. Феълан аз рӯи имконоте, ки мо дорем, ҳудуди 17 миллиард киловат соате, ки истеҳсол мешавад боз 8 миллиарди дигар намерасад. Танҳо Роғун метавонад ин талаботро бароварда кунад."

"БАҲСҲОИ СИЁСӢ, НА ОБӢ"


Коршиноси масоили энержӣ Сайфиддин Ғуломиддинов мегӯяд, агар Узбакистон ҷонибдори сохтмони нерӯгоҳи миёна дар Тоҷикистон бошад, чаро чаҳор сол қабл вақте тарҳи сохтмони як нерӯгоҳи миёнаиқтидор бо маблағгузории Чин дар рӯдхонаи Зарафшон сохта мешуд, мухолифат кард.

"Ин тарҳ дар 90-километрии Панҷакент буд, ки ҳудуди як миллион доллар арзиш дошт. Чин изҳори омодагӣ кард, ин маблағро пардохт мекунад. Вале Узбакистон мухолифат кард, ин чӣ маъно дорад? Сарбанди кӯли Сарез хатарноктар аз обанбори Роғун аст, чаро Тошканд ҳарфе намезанад? Ин ҷо масъала масъалаи сиёсӣ аст",-афзуд ӯ.

Чин пас аз мухолифати Тошканд маҷбур шуд, ин тарҳи худро дар минтақаи дигари Тоҷикстон амалӣ созад. Ба қавли мутахассисони тоҷик, беш аз даҳ сарбанди бузург, аз ҷумла садди обанбори "Норак" дар Тоҷикистон аст, ки тайи чанд даҳсолаҳо вуҷуд доранд ва то кунун хатаре дар заминаи зистмуҳитӣ пеш наовардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG