Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Португалия низ аз ИА кӯмаки молӣ дархост мекунад


Хосе Сократес

Хосе Сократес

Як моҳ пеш Португалия гуфта буд, ки ба кӯмаки молӣ ниёз надорад. Вале бо гузашти як моҳ акнун ин кишвар тасмим гирифтааст, ки аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ бихоҳад. Португалия дорори 10,5 миллион нафар аҳолист ва баъд аз Юнону Ирландия севвумин кишвари Иттиҳодияи Аврупост, ки барои наҷоти молии худ кӯмак мехоҳад. Хосе Сократес-нахуствазири ин кишвар гуфт, порламон моҳи гузашта тадобири ҷиддии иловагиро рад карда буд ва ҳоло ин кӯмак “ногузир” шудааст. Сократес дар бораи мизони ин кӯмакҳо чизе нагуфт, вале мақомоти расмии қаламрави истифодаи пули евро мегӯянд, Португалия барои се соли оянда аз 60 то 80 миллиард евро ба кӯмаки молии Сандуқи Молии Аврупо ва Сандуқи Молии Байналмиллалӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG