Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия: Ҳамлаи ҳавоии НАТО ба чоҳи нафт осеб расондааст


Либия мегӯяд, ҳавопаймоҳои низомии Британия ба полоишгоҳи аслии нафти кишвар садама ворид кардаанд ва лулае, ки нафтро ба бандари Баҳри Миёназамин интиқол медод осеб дидааст. Холид Кайм-муовини вазири корҳои хориҷии Либия гуфт, дар ин ҳамла се посбон кушта шудаанд. Мақомоти расмии Британия дар бораи ин иддаои Кайм чизе нагуфтаанд. Британия бахше аз нируҳои НАТО мебошад, ки қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро дар бораи ҳарими ғайрипарвоз дар Либия иҷро мекунад.
XS
SM
MD
LG