Пайвандҳои дастрасӣ

Тағири маҳалли баргузории ҷаласаи Шӯрои Нахуствазирон


Қазоқистон розӣ нест, ки ҷаласаи Шӯрои Нахуствазирони кишварҳои мушатаркулманофеъ дар Тоҷикистон баргузор шавад. Ба ин далел котиботи иҷроии ин шӯро пешниҳод кардааст, ки маҳалли баргузории ин ҷаласа тағир дода шавад. Бино ба хабарҳои матбуотӣ, манобеи Озарбойҷон гуфтаанд, дар номаи котибот ба ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд пешниҳод шудааст, ки ин ҷаласа на дар Тоҷикистон, балки дар Беларус баргузор шавад. Баргузории ин ҷаласа моҳи май пешбинӣ шудааст ва дастури рӯзи он бетағир боқӣ мемонад. Қабл аз он Шӯрои Иқтисодии кишварҳои ҳамсуд 15-ӯми апрел дар Маскав гирдиҳам меояд.
XS
SM
MD
LG