Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Сафед номаи Қаззофиро қабул надорад


Кохи Сафед мегӯяд, аз Муаммар Қаззофӣ номае дарёфт кардааст, ки вай дар амал хушунат бар зидди мардумро хотима медиҳад ва ин ваъдаи холӣ нест. Ҷей Карнеу-сухангӯи Кохи Сафед ҳангоми парвоз дар ҳавопаймое, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Филаделфия мерафт, ба хабарнигорон гуфт, ин “зоҳиран аввалин нома” нест. Карней афзуд, Обама чанд ҳафта пеш ба таври возеҳ гуфт, оташбаси Либия на дар сухан, балки дар амал бояд риоят шавад. Қабл аз ин суханон нируҳои НАТО изҳор доштанд, ки барои дифоъ аз сокинони тавассути нируҳои Қаззофӣ муҳосирашудаи Мисрата аз ҳамаи имкони мавҷуда истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG