Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Бишкек солгарди барканории Боқиевро ҷашн мегиранд


Як сол пеш дар Ҷалолобод
Як сол пеш дар Ҷалолобод
Имрӯз Қирғизистон нахустин солгарди барканории Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини худро баргузор мекунад. 7-ӯми апрели соли гузашта вақте, ки нируҳои ҳукуматӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд, тақрибан 90 нафар кушта, садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Онҳо бар зидди ришвахориву ҳокимияти худкомаи президент Боқиев ба эътироз баромада буданд. Боқиев худаш соли 2005 дар натиҷаи “Инқилоби Лолаӣ” ба сари қудрат омада буд ва тазоҳуроти соли гузашта вайро водор сохт, ки аз кишвар фирор кунад. Имрӯз дар Бишкек маросими вижа баргузор мешавад ва хотираи қурбониёнро пос медоранд.
XS
SM
MD
LG