Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Познер: Ошӯбҳои Ховари Миёна дар Эрон низ асар мегузорад


Майкл Познер
Майкл Познер
Як мақоми аршади вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, шӯришҳо дар кишварҳои Ховари Миёна метавонад ба Эрон низ сироят кунад. Майкл Познер-ёвари вазири хориҷӣ дар умури ҳуқуқи башар ва кор гуфт, ҳоло Эрон ”марҳалаи мушкиле”-ро аз сар мегузаронад. Дар ин кишвар нишонаҳои ислоҳот ба назар намерасад ва фаъолони ҳуқуқи башар саркӯб мешаванд. Познер гуфт:
Познер: 040635
“Ман бовар дорам, ки дар минтақа тағироте пеш меояд ва ин мавҷи тағирот ба Эрон низ асар мегузорад. Возеҳ аст, ки мардуми ин кишвар телевизион тамошо мекунанд ва аз интернет мебинанд, ки дар Сурияву Миср ва дар Тунису кишварҳои дигари арабӣ чӣ мугузарад. Бидуни шак онҳо фикр мекунанд, ки кай навбати онҳо мерасад”.
Познер ҳамчунин гуфт, ки Амрико ором-ором бо фаъолони эронӣ роҷеъ ба масъалаҳои озодии интернет кор мекунад, аз ҷумла дар бораи роҳҳои муқобила бо бастани монеаҳои интернетӣ тамрин анҷом медиҳад. Познер ин тавзеҳоти худро дар остонаи 8-ӯми апрел изҳор дошт, ки қарор аст он рӯз гузориши солонаи вазорати корҳои хориҷии Амрико роҷеъ ба ҳуқуқи башар мунташир шавад.
XS
SM
MD
LG