Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи Обама ва Карзай аз оташ задани Қуръон


Барак Обама ва Ҳомид Карзай-руасои ҷамоҳири Амрикову Афғонистон дар як гуфтугӯи видеоӣ, ки тақрибан як соат давом кард, аз оташ задани Қуръон тавассути роҳиби бунёдгарои амрикоӣ изҳори таассуф карданд. Ин кори вай сабаби сар задани нооромиҳо шуд ва чанд нафар дар ин нооромиҳо ба қатл расиданд. Ҳар ду раиси ҷумҳур чунин нооромиҳоро низ маҳкум карданд. Обама ва Карзай дар ин сӯҳбати видеоӣ ҳамчунин як силсила масъалаҳои марбут ба амният, аз ҷумла интиқоли тадриҷии таъмини амният аз нируҳои НАТО ва Амрико ба нируҳои Афғонистонро баррасӣ карданд. Як масеҳии бунёдгаро дар аёлати Флоридаи Амрико 20-ӯми март Қуръонро оташ зад ва боиси эъирозҳо дар Афғонистон шуд. Дар Афғонистон дар чунин нооромиҳо даҳҳо нафар, аз ҷумла 7 корманди СММ дар шаҳри Мазори Шариф кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG