Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулоти ахири Либия: НАТО, долони обӣ барои шӯришиён ва задухӯрдҳои Брега


Имрӯз НАТО тааҳҳуд кард, ки тамоми талошашро барои ҳифзи ҷони сокинони мулкии шаҳри дар дасти шӯришиёни Либия будаи Мисрота ба харҷ хоҳад дод. Муовини сухангӯи НАТО Кармен Ромеро гуфт, ки Мисрота дар авлавияти ҳадафҳои ин паймони низомӣ қарор дорад.

Изҳороти НАТО дар посух ба интиқодҳои дирӯзаи Абдулфаттоҳ Юнус, вазири пешини умури дохилаи Либия, ки ба шӯришиён пайвастaаст, садо дод. Фармондеҳи нирӯҳои шӯришиён Юнус гуфт, вақте нирӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ давоми чил рӯз ба бомборони шаҳри Мисрота, пойгоҳи
Абдулфаттоҳ Юнус
шӯришиён машғул буданд, НАТО коре накард.

Ромеро гуфт, ки амалиёти НАТО бо суръати пешинааш идома хоҳад кард. Вай гуфт, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои НАТО аз як се ҳиссаи зарфияти низомии Қаззофиро нобуд карданд, ҳарчанд ҳоло нирӯҳои ҳукуматии Либия ба истифодаи сипари зинда аз ҳисоби одамон шурӯъ карданд.

Дар изҳороти ҷудогонаи вазири дифои Фаронса ваъда шуд, ки долони обии шӯришиёни Либия дар минтақаи шарқии Бенғозӣ боз мешавад, то ки киштиҳо ба интиқоли кӯмаку захираҳои зарурӣ барои шӯришиён дар Мисрота оғоз кунанд.


Дар ҳамин ҳол, дар наздикии шаҳри нафтии Брега задухӯрди шадиде миёни ҷангиён ва нирӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ҷараён дорад. Шӯришиён мехоҳанд дубора назоратро дар ин шаҳр ба дасти худ дароранд.
XS
SM
MD
LG