Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи эътирозҳои мардумии як соли пеш дар Қирғизистон, президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев барканор шуд ва низоми парлумонӣ таъсис гашт.

Дар арафаи аввалин солгарди инқилоби Қирғизистон, радиои Озодӣ бо чанде аз шоҳидони ин рӯйдодҳои ҳамсӯҳбат шуд.

ИНҚИЛОБЕ, КИ САРИ БОҚИЕВРО "ХӮРД"


Асилбек Коидагарови 21-сола ба монанди ҳазорҳо ҷавони дигари қирғиз аз камбағаливу ночорӣ ба дод омада, 7-уми апрели соли 2010-ум бо тақозои ислоҳот ба майдони рӯ ба рӯи Қасри Сафеди президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев баромада буд. Ҳамин гуна гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар гӯшаҳои дигари Қирғизистон, аз ҷумла минтақаҳои Талас, Тоқмоқ, Иссиқӯл ва Норин ҳам доир шуда буданд.

Мардум аз болоравии нархи нерӯи барқ, мушкилиҳои иқтисодӣ, фасод ва бекории фарогир норозӣ буданд. Вале ба назар мерасид, ки мақомот қабл аз ҳама дар пайи хомӯш намудани садоҳои мухолиф буда, дар моҳҳои ахири соли 2009-ум ва ибтидои соли 2010-ум як идда раҳбарони мухолифинро дар зиндонҳо ҷой доданд. Ҳамчунон ҳукумати зери раҳбарии президент Боқиев дастрасии муштариён ба чандин сомонаи интернетӣ, телевизиону радиои мустақилро мутаваққиф намуд.

Моҳи марти соли 2010-ум Боқиев интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро нодида гирифта, иброз дошт, ки дар Қирғизистон низоми демократии ғарбӣ ҷои по пайдо накард. Ин ҳам президенте буд, ки соли 2005-ум пеш бо тақозои ислоҳоти демократӣ дар натиҷаи инқилоби мардумӣ сари қудрат омада буд.

"ИН ДАҲШАТ БУД"

Инқилоби соли 2010-ум 6-уми апрел бо эътироз дар рӯ ба рӯи Қасри Сафеди президент Боқиев дар шаҳри Бишкек доир шуд, вале мақомот онро пароканда карданд.

Рӯзи баъдӣ, яъне 7-уми апрел шумораи гирдиҳамомадагон ба маротиб афзоиш ёфта буд ва эътирозгарон истеъфои Боқиевро дар миён гузоштанд. Ин дафъа мақомот аз силоҳ кор гирифтанд. Коидагаров, ки дар миёни эътирозгарон буд, мегӯяд, дар ин даҳшат миёни фиғону хун касе намефаҳмид, ки иттифоқ афтодааст: “Ин даҳшат буд. Сарбозон ва ё мерганҳо аз Қасри Сафед тирпарронӣ ба сӯи эътирозгаронро оғоз намуданд. Ҳар гоҳ, ки ба ёдам меояд, мехоҳам он лаҳзаро фаромӯш кунам. Ман шоҳиди куштори одамон шудам.”

АФСАРЕ, КИ ДУ ПОЯШРО АЗ ДАСТ ДОД

Тибқи омори расмӣ, аснои таъқиби гирдиҳамоиҳои 7-уми апрел камаш 90 кас ба ҳалокат расида ва садҳо нафари дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористонҳо интиқол ёфтанд. Аксари қурбониҳо эътирозгарон буданд, ки дар даст чизе бештар аз сангу калтак надоштанд, вале дар байни маҷрӯҳон як афсари полис бо номи Алмос Оқчекиев буд, ки имрӯз аз ҳар ду пой маҳрум аст. Ӯ яке аз афсарони сершуморе буд, ки масъулияти ҳифзи назму субот дар маркази Бишкекро бар дӯш дошт.

7-ум апрел Оқчекиев ва ҳамроҳонаш дастур гирифтанд, ки дар рӯ ба рӯи Қасри Сафед ҷойгир шуда, ба эътирозгарон имкони убур ба қаламрави қасри раёсатҷумҳурии Қирғизистонро надиҳанд. Оқчекиеви 32-сола мегӯяд, ӯ на силоҳ дошту на кӯлоҳу либоси махсус, ки ӯро аз сангу зарбаҳои эътирозгарон эмин нигаҳ дорад. Оқчекиев меафзояд: “Мо ақибинишинӣ мекардем. Ман ногаҳон аз по афтодам. Мехостам бархезам, вале намешуд. Тамоми баданам саршор аз хун шуд. Ҳамкорон маро ба мошини ёрии таъҷилӣ расонданду тавассути он ба шифохона бурданд.”

Оқчекиев баъди чанд рӯз ба ҳуш омада, аз табибон огаҳ мешавад, ки баҳри наҷоти ҳаёташ, ҳар ду пояшро қатъ кардаанд.

НИЗОМИ ПАРЛУМОНӢ- ТАҶРИБАИ НОДИР

Хунрезии 7-уми апрел боис шуд, ки президент Боқиев ба зодгоҳаш ва он ҷо ба хориҷи Қирғизистон фирор намуда, аризаи истеъфояшро имзо кунад. Мухолифини ӯ ҳукумати муваққат ташкил карда, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Роза Отунбоеваро раҳбари муваққати Қирғизистон таъйин намоянд.

Ҳамин тариқ барои аввалин бор дар минтақаи Осиёи Марказӣ кӯшиши бунёди сохти давлатдории парламентӣ шурӯъ шуд. Дар моҳи июни ҳамон сол ин ҳукумат бӯҳрони қавмиро пушти сар кард. Бар асари хушунат дар ҷануби Қирғизистон, садҳо нафар кушта, ҳазорҳо нафари дигар, ба ваҷҳи умум узбактаборон, аз кишвар фирор карданд.

ОЁ ХОСТАҲОИ МАРДУМ БАРОВАРДА ШУД?

Ҳанӯз ҳам бисёриҳо аксуламали ҳукумат ба бӯҳрони байниқавмиро танқид карда, исрор меварзанд, ки пайравони Боқиев аз нав дар ҳукумат ҷо гирифтаанд, иқтисод дар ҳоли фурӯпошист ва мардум ҳамоно шуғле пайдо накардааст.

Коидагаров умед дорад, ки ҳукумат ба тадриҷ бӯҳронро рафъ намуда, вазъ беҳбуд меёбад, вале собиқ афсари полис Оқчекиев ба ҳукумат зиёд эътимод надошта, афсӯс мехӯрад, ки аз ҳар ду по маҳрум шуда, пурра ба кӯмаки ҳамсараш вобаста шудааст.
XS
SM
MD
LG