Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҷиаи ғуломии як ҷавони тоҷик


Муҳаммад ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, Ҳарамгули Қодир нахост, симояш нишон дода шавад. Душанбе, 6-уми апрели соли 2011.

Муҳаммад ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, Ҳарамгули Қодир нахост, симояш нишон дода шавад. Душанбе, 6-уми апрели соли 2011.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик, ки ба ғуломӣ афтодаанд, намехоҳанд, лоақал барои шаъни худ, даст ба амал зананд.

Ду дақиқа дер мондан аз қатори “Душанбе – Маскав” дар истгоҳи роҳи оҳани Отаваи Қазоқистон, санавишти Муҳаммади 19-соларо баҳам зад. Сарнавиште, ки аз рӯи он метавон филм бардошт.

Муҳаммад, ки мисли ҳазорон тан аз ҳамсолони худ роҳи муҳоҷирати Русияро пеш гирифта буд, дар Қазоқистон баробари мусофирони дигар аз қатор
Шаби зимистон хестам. Барф буд. Ду “баклашка” об гирифта, гурехтам дар биёбон. Дар роҳ об тамом шуд, шабҳо дар биёбон хоб мерафтам, метарсидам...
берун шуд, то барои идомаи сафараш обу нон бихарад. Аммо вақте багашт, ки қатор бо суръат аз истгоҳ дур мешуд. Давидану фарёдҳои ӯ аз қафои қатори мусофирбар фоида надод. Ӯ монду истгоҳи камодам ва тӯдаи фурӯшандаҳо, ки бехабар аз ҳоли ӯ ба хариди ғизо даъваташ мекарданд.

ОҒОЗИ ФОҶИА


Муҳаммад мегӯяд, ки аз раҳгумиву бечорагӣ худро надомат мекард ва беихтиёр ашк мерехт. Ӯ вақте ба худ омад, ки марди маҳаллие даст ба китфаш зад ва чизе мегуфт. Муҳаммад ин гуна ҳикоят мекунад:

«Як казоқ омад, бо забони қазоқӣ чизе гуфт, ки нафаҳмидам, баъд ба русӣ пурсид, ки аз куҷоӣ ва чӣ кор мекунӣ? Гуфтам, аз Тоҷикистон. Гуфт, кор кардан мехоҳӣ? Аз шодӣ гуфтам, бале! Баъд маро 500 километр аз Отава ба як биёбон бурд. Аз саҳар ба роҳ баромадем, шаб расидем. Саҳар бо садои уштуру аспу моли майда аз хоб бедор шудам.»

Муҳаммад баъдан лаҳзаи рӯ ба рӯ шудан бо ин марди қазоқро садҳо бор нафрин кардаву аз пушаймонӣ зуза кашидааст. Марди қазоқ паспорти ӯро гирифту амр кард, ки ба корҳои хона машғул шавад.

Хизматгории ӯ дар ин хонавода ду моҳ давом кард. Баъди ду моҳ “ғуломдор”- и қазоқ ки Муҳаммад номашро ҳам дуруст намедонист, ӯро ба биёбон бурд то уштуру аспбонӣ кунад. “Ғуломдор” дар ин дашти беканор беш аз 75 сар уштур, 60 сар асп ва 300 сар моли майда дошт. Нигоҳубини ин ҳама мол бар дӯши Муҳаммад буд. Ду “ғулом”-и дигар, ки аз Узбакистон буданд, бештар корҳои хонаро анҷом медоданд.

ЗАХМҲОИ НОСУР

Муҳаммад остинашро боло карда, захмҳои тозиёнаи “ғуломдор”-ро ба мо нишон дод. Ин изи он рӯзҳои сиёҳ буд, ки гургҳо ба гала роҳ ёфта, ягон моли майдаро медариданд. Барои ин “ғуломдор” Муҳаммадро бераҳмона ҷазо медод, то хуншор шуданаш зарбу лат мекард ва аз ғизои ночиз маҳрум менамуд.

Вай мегӯяд: «Хӯроки мо пасмондаи ғизои соҳиби мол ва фарзандони ӯ буд. Аввал худашон мехӯрданд, баъд пасмондаҳоро ба мо медоданд. Дар як хонаи тангу торик дар байни хасу хоку пӯсти уштур хоб мекардем. Узбакҳои ҳамтоям бо шубҳа аз ман мепурсиданд, ки ту хешу табор надорӣ, дузд набошӣ?»

Аммо дар ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон, зодгоҳи Муҳаммад, баъд аз ним соли бенишон шуданаш хешутабор ӯро мурда пиндошта, дигар аз пайи ҷустуҷӯяш нашуданд.

ҚАДРИ ИНСОН

Касе набуд, ӯро ҷустуҷӯ кунад. Падари Муҳаммад кайҳо буд, ки модари ӯро талоқ дода, аз пайи зини дигар рафта буд. Модараш низ бо марди дигар издивоҷ карда, аз издивоҷи нав як села бача ба дунё овард. Ба ин тартиб, касе дар фикри Муҳаммад набуд.

Даштҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Ман гаштаву баргашта аз Муҳаммад пурсидам, ки наход дар тӯли беш аз чаҳор сол боре ҳам барояш имкони фирор пайдо нашудааст? Дар посух мегӯяд, ки ӯ биёбони ба ин бузургиро танҳо дар филмҳо дида буд ва ҳатто тахмин зада ҳам наметавонист, ки чанд шабу рӯз роҳ бояд роҳ тай кунад, ки аз ин биёбони пур аз ҳайвонҳои даранда берун равад.

Он ду “ғулом”-и узбактабор зоҳиран ба тақдир тан дода буданд ва фирор бидуни шарик маънои маргро дошт. “Аммо сабрам рӯз то рӯз камтар ва ҳавои озодӣ дар дилам бештар мешуд”- мегӯяд Муҳаммад.

ФИРОР ДАР БИЁБОН

Шабе фурсати берун рафтан аз банди ғуломӣ барояш даст дод. Он шаб “ғуломдор” меҳмон дошт, то дер шаробнушӣ карданд ва ҳамин тавр мастомаст хобашон бурд:

«Шаби зимистон хестам. Барф буд. Ду “баклашка” об гирифта, гурехтам дар биёбон. Дар роҳ об тамом шуд, шабҳо дар биёбон хоб мерафтам, метарсидам. Ба роҳи калон баромадам, намедонам, ки кадом тараф равам. Ногоҳ як мошини калон, ки ронандааш доғистонӣ буду тарафи марзи Русия мерафт пайдо шуд, манъаш кардам, гуфт куҷо меравӣ, гуфтам, тарафи вилояти Отава. Ронанда маро бо худ гирифт, як қадар ғизо ва об дод, роҳнамоиям кард.»


Мақоле ҳаст, ки “камбағалро саг дар болои шутур ҳам мегазад”. Фирор аз “ғуломдору биёбону гургу шағол” анҷоми қисса набудаст. Дар даромадгоҳи шаҳри Отава гурӯҳи авбошҳо ба ӯ дарафтода, бо корд маҷрӯҳаш карданд. Муҳаммадро як хонуми қазоқ аз кӯча бардошта, ба бемористон бурд.

ДАР БЕМОРИСТОН

Дар бемористон пизишкон бо ӯ меҳрубон набуданд ва чароҳаташро бидуни “наркоз” дӯхтанд. Муҳаммад аз онҳо миннатдор аст. Аммо баъди даҳ рӯз ӯро аз беморхона берун карданд.

“Милисаҳо омаданд ва хостанд маро дубора ба Отава фиристанд, аммо ман гиристам, ки не ман бояд ба ватан равам. Чанд рӯз дар атрофи ҳамон беморхона мегаштам, шабҳо дар болои харакҳо хоб мекардам. Ришу мӯйҳоям дароз шуда буд. Либосҳоям кӯҳнаву дарида буданд. Як хонум як рӯз аз ман пурсид аз куҷоӣ? Вақте саргузаштамро ба ӯ гуфтам, маро бо хонааш бурд. Қариб 2 моҳ дар хонааш мондам, корҳояшро анҷом медодам. Баъд бо Тоҷикистон дар тамос шудам ва гуфтам, ки бароям шиноснома фиристанд.»

Муҳаммад мегӯяд, ки ҳоло 2 моҳ боз дар ватан аст ва дигар кори мошиншӯӣ, ки 4 сол пеш машғули он буд, барояш созгор нест. “Замона ҳам дигар шудааст, ё ман дигар шудаам,”-- мегӯяд бо лабханд ӯ.

Ҳоло ягона ҳадафе, ки зеҳни Муҳаммадро банд кардааст, ҳавои муҳоҷират ба Русия аст. Муҳамммад як тангаро болои тангаи дигар мегузорад, то пули роҳҳро ҷамъ кунад. Ӯ мегӯяд ин дафъа агар аз ташнагӣ бимирад, ҳам аз қатор берун намешавад.

ҚИССАИ БЕФАРҶОМ?

Дар тӯли даҳсолаҳои ахир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар донишу синну сол аз Муҳаммад бартарӣ доштанд, бинобар хушбоварии худ дар Русияву Қазоқистон ғулом шудаанд. Аммо таассуфовар аст, ки ҳеҷ яки онҳо баъди раҳоӣ ба ҷое шикоят набурданд ва ин порчаи зиндагии худро ҳамчун хоби даҳшатнок фаромӯш кардан мехоҳанд. Масъала бозмегардад ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки ба гуфтаи ҷомеашиносон, дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.

Мақомоти Тоҷикистон аз мавридҳои ба “ғуломӣ” афтодани шаҳрвандон хабар доранд ва чанд ҳодисаеро
Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
ҳам ҳаллу фасл кардаанд. Аммо кам иттифоқ меафтад, ки шаҳрванде барои дифоъ аз ҳуқуқи поймолшудаи худ ва муҷозоти ғуломдор ба мақомоти кишвари худ ё кишвари судури ҷиноят муроҷиат кунад. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таҷрибаи кории худ ин гуна қисса мекунад:

“Вақте дар Беларус кор мекардам, ин хел ҳодиса шуда буд, ки ҳуҷҷатҳои як нафарро ба каси дигар додаанд. Ба мо муроҷиат карданд, мо кӯмак кардем, ба ватан баргардондем. Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ҳамеша шаҳрвандонро мефаҳмонанд, ки аз чунин ҳолатҳо эҳтиёт кунанд. Ин хел ҳолатҳо бештар дар Русия шудааст, дар Остона ҳам буданд. Сафорати Тоҷикистон иттилоъ ёфта кӯмак кард.»

АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ

Ба гуфтаи Назрӣ, солҳои охир шаклҳои мухталифи «ғуломдорӣ» ё «ғуломгардонӣ»и шаҳрвандони Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Баъзан шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як кишвари дигар ҷойи по пайдо кардаанд, ин гуна амалҳои номатлуб, ба мисли истисмор ва “ғуломӣ”-ро ба ҳамватанони бетаҷрибаи худ раво мебинанд. Нисбати шаҳрвандони кишвари худашон ҳам чунин рафторҳоро содир мекунанд.

Метавон аз шикояти гурӯҳи шаҳрвандони тоҷик ба Додситониии кулли Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ширкати «Тоҷикавиатура онҳоро ба Русия бурда, 2 моҳ бидуни пардохти музде дар корҳои вазнин истифода кардааст. Давлат Назрӣ мегӯяд, нафароне ки ин гуна бадбахтиҳоро таҷриба кардаанд, бояд бо роҳҳои дипломатиии байни ду кишвар ва додгоҳ талиби ҷуброн кунанд. Аммо барои ин бояд дар бораи “ғуломдор” маълумоти пурра дода тавонанд ва далелҳои раднопазир дар даст дошта бошанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG