Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои ҳалли мушкили корхонаҳои нассоҷӣ ва раҳоӣ аз варшикасташавии онҳо, имтиёз қоил шавад.

Ва аз вазорати энержӣ ва саноӣ, ки ин пешниҳодро ироа карда буд, тақозо кардааст то меъёри ин имтиёзҳоро тарҳрезӣ кунад.

ИМТИЁЗ БА КОРХОНАҲОИ НАССОҶӢ

Вазорати энержӣ ва саноӣ барои эъмоли ҳудуди 20 дарсадии боҷи давлатӣ дар содироти нахи пахта ва лағви андози даҳфоиза аз фурӯши маҳсулот барои корхонаҳои ватанӣ, як гурӯҳи корӣ шомили намояндагони вазоратҳо ва кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи андозро ташкил кардааст то масъалаи сабуки бахшидан ба корхонаҳои нассоҷии ватаниро биёмӯзанд.

Дилшод Расулов, сардори раёсати саноати сабуки вазорати энержӣ ва саноии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ ҳадаф аз ташкили ин гурӯҳи кориро чунин тавзеҳ дод: «Вазорат ба мақсади пуштибонӣ аз истеҳсолкунандаи ватанӣ дар бораи додани имтиёзҳо ба корхонаҳои ватанӣ ба давлат муроҷиат кард ва давлат инро пазируфт. Дар назар аст барои ҷилавгирӣ аз содироти нахи пахта, боҷи давлатӣ ҳудуди 20 дарсад эъмол шавад. Ва корхонаи коркарди нахи пахта аз андози даҳ фоизии фурӯш озод карда шавад. Ва ҳамчунин дар қоидаҳои фурӯши нахи пахта, ки дар гузашта таъйин шуда буд, тағйирот ворид шавад.»

МОЛИЁТИ ДАҲФОИЗА ЛАҒВ МЕШАВАД

Ба гуфтаи ҷаноби Расулов, тағйирот бояд дар бахше сурат бигирад, ки фурӯши нахи пахта ба хориҷа ва дохили кишвар фарқ кунад. Фурӯшандаи нахи пахта ҳам ба хориҷ ва ҳам ба дохили кишвар бар асоси қимати таъйиншуда дар бозори Ливерпул нахи пахтаро мефурӯхт. Мо талош дорем нархи он барои корхонаи ватанӣ коҳиш дода шуда ба фурӯшандаи нахи пахта имтиёз дода шавад.

Дилшод Расулов дар бораи қоида ва меъёрҳои нахи пахта аз сӯи истеҳсолкунада гуфт : «Ҳар як корхона метавонад озодона нахи пахтаро ба хориҷа дар асоси қоидаҳои фурӯши таъйиншуда бифурӯшад ва дар ин бора монеае вуҷуд надорад.»

Ҷаноби Расулов афзуд, ки ба ҳамин далел онҳо мехоҳанд дар ин қоида ё меъёрҳои фурӯши пахта тағйирот ворид кунанд. Вай гуфт: «Барои ҳамин мо мехоҳем давлат молиёти даҳфоиза дар фурӯши маҳсулотро барои корхонаҳои нассоҷӣ лағв кунад. Ва барои коркарди дохилии пахта ва содирот, боҷи гумрукӣ таъйин кунад.»

ИСТИҚБОЛ АЗ ИҚДОМИ ДАВЛАТ

Насимҷон Каримов, директори корхонаи нассоҷии «Текстил-сити»-и Хуҷанд аз ин иқдоми давлат истиқбол кард ва гуфт : «Барои мо ин як миқдор сабукӣ медиҳад, ба ин далел, ки агар аз содироти нахи пахта ҷилавгирӣ нашавад, барои корхонаҳои ватанӣ маводи хом намерасад. Аз сӯи дигар ба далели болоравии нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, маҳсулоти истеҳсолкардаи мо ба далели қиматӣ ба фурӯш намеравад. Мо рақобатпазир нестем ва ҳоло Италия ва Русия, ки маҳсулоти моро мехариданд, ҳоло аз ҳамкорӣ даст кашидаанд. Ва агар ин иқдоми давлат амалӣ нашавад бисёре аз корхонаҳо муфлис мешаванд.»

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, ин иқдоми давлат дар замоне сурат гирифт, ки қимати як тонна нахи пахта ба 5 ҳазор доллар расидааст ва истеҳсолкунандаи нахи пахта алоқаманд аст маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ арза кунад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солона ҳудуди 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекунад ва ниёзи корхонаҳои ватанӣ ба нахи пахта ҳудуди 70 то 80 ҳазор тонна аст. Ва ба далели қиматии нахи пахта, аксарияти корхонаҳои нассоҷӣ дар Тоҷикистон рӯ ба муфлисшавӣ ниҳодаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG