Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати ИМА ва Русия бо таъмини Афғонистон бо чархболҳои низомӣ


ИМА ва Русия, тибқи гузоришҳо, бар сари ҷузъиёти созишномаи марбут ба таъмини Афғонистон бо 21 чархболи русии MI-17 мувофиқат карданд.

Рӯзномаи русии “Коммерсант” дар нақли қавл аз намояндаи хоси Олмон дар Афғонистон ва Покистон Майкл Штейнер ва раиси ситоди нирӯҳои ҳавоии Афғонистон Абдулваҳҳоб Вардак навишт, ки созишномаи миёни НАТОву Маскав, ки беш аз як сол аст сараш гуфтугӯ идома дошт, мувофиқати ҷонибҳоро дарёфт кард.

Бар тибқи иттилои ин нашрия, арзиши созишнома 367,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG