Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беларус хориҷиҳоро масъули эътирозҳои интихоботи президентӣ номид


Вазорати умури дохилаи Беларус гуфт, ки шаҳрвандон ва созмонҳои хориҷӣ масъули ташкили намоишҳои эътирозии баъди интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи декабри ин кишвар мебошанд, ки ҳадаф доштанд, Александр Лукашенкоро аз қудрат барканор кунанд.

Сухангӯи ин вазорат гуфт, ки муфаттишон далели қотеъ дар даст доранд, ки нақшаи дар хориҷа тарҳрезишуда барои аз байн бурдани ҳукумати амалкунандаи Беларус равона шуда буд. Тарафдорони мухолифин баъди интихоботи рӯзи 19 декабри раёсатҷумҳурӣ бо иттиҳоми тақаллубу ноодилона гузаштани раъйпурсӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Дар натиҷа, ҳукумат ба саркӯби эътирозҳо ва боздошткунии беш аз 600 нафар иқдом кард. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо амалҳои Минскро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG