Пайвандҳои дастрасӣ

Зани афғон аз дасти низомиёни бритониёӣ кушта шуд


Полиси Афғонистон мегӯяд, ки як сонеҳаи автомобилии низомиёни бритониёӣ дар Кобул боис ба кушта шудани зане гардид. Сухангӯи полиси Кобул гуфт, ки дар хабари аввал оиди ҳалокати ду зан ва марде хабар дода шуд.

Ин ҳодиса натиҷаи “мухобироти иштибоҳии нирӯҳои амниятӣ” будааст, мегӯяд полис. Сухангӯи НАТО ин ҳодисаро таъйид кард ва гуфт, ки то замони мушаххас шудани ҷузъиёти ҳодиса аз додани тафсилоти бештар худдорӣ мекунад.

Ҳалокати мардуми осоишта дар Афғонистон аз дасти нирӯҳои эътилофӣ боз ҳам бештар ба эҳсосоти зиддиғарбие, ки баъди оташзании Қуръон аз ҷониби як калисои хурде дар Флоридаи Амрико боло гирифта боис ба намоишҳои эътирозӣ дар саросари Афғонистон шудааст, меафзояд.
XS
SM
MD
LG