Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рад шудани дархости Русия оиди қазияи Искандаров аз ҷониби Додгоҳи аврупоӣ


Дархости Русия барои бознигарии ҳукми Додгоҳи аврупоӣ вобаста ба истирдоди Муҳаммадрӯзи Искандаров, рад шуд. Давлати Русия ҳукми ин додгоҳро, ки истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ҳисобида буд, ғайримунсифона шуморида ва дархост кард, ки он бекор карда шавад.

Вале зинаи олии додгоҳи аврупоӣ баъди баррасии дархости Русия изҳор доштааст, ки далоли пешниҳодкардаи Русия барои лағви ҳукми додгоҳ кофӣ нест, аз ин рӯ қарори иттихозшуда бетағйир боқӣ мемонад. Бар асоси қарори содиркардаи Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар моҳи декабри соли гузашта, Искандаров аз Русия ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ истирдод шудааст ва додгоҳ барои расонидани зарар, давлати Русияро водор кардааст, ки барои ҷуброни ин амал 30 ҳазор евро ҷарима супорад.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров -раиси пешини ҲДТ соли 2005 ба тавр асрорангез аз шаҳри Маскав ба Тоҷикистон истирдод шуда ва худи ҳамон сол аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба муддати 23 сол маҳкум ба зиндон шуд.
XS
SM
MD
LG