Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳодисаи нав дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар музокироти раҳбарони ноҳияҳо баррасӣ мешавад


Минтақаи баҳсӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Минтақаи баҳсӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи ҷумъа, 8 апрел қарор раҳбарони ноҳияиҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон – Исфараву Ботканд барои баррасии танишҳои ахири марзии сокинони маҳаллӣ гуфтугӯ кунанд.

Дар ин бора раҳбари хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ Неъмат Олимов дар сӯҳбат бо Озодӣ аз ноҳияи Исфара хабар дод. Дар ҳодисае, ки субҳи имрӯз дар ин маҳаллаи марзӣ рух дод, ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамдигарро барои кӯшиши дастгир кардани гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ айбдор карданд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, аз рӯи гуфти шоҳидон, даҳҳо сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тарафи марз гирди ҳам меоянд. Неъмат Олимов гуфт, аз ҷониби Қирғизистон ва Тоҷикистон бештар аз 500 нафар гирди ҳам омаданд.

Ба гуфтаи ӯ, раисони ноҳияҳои Исфараву Боткан – Субҳониддин Ашӯров ва Ҳаиталӣ Айкунов мардумро ба оромӣ даъват карда, қарор гузоштанд, ки ҳодисаҳои ахири марбут ба танишҳои марзиро дар музокираи вижа баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG