Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳҳудоти НАТО дар қиболи Мисрота


Имрӯз НАТО тааҳҳуд кард, ки тамоми талошашро барои ҳифзи ҷони сокинони мулкии шаҳри дар дасти шӯришиёни Либия будаи Мисрота ба харҷ хоҳад дод. Муовини сухангӯи НАТО Кармен Ромеро гуфт, ки Мисрота дар авлавияти ҳадафҳои ин паймони низомӣ қарор дорад. Изҳороти НАТО дар посух ба интиқодҳои дирӯзаи Абдулфаттоҳ Юнус, вазири пешини умури дохилаи Либия, ки ба шӯришиён пайвастaаст, садо дод.

Фармондеҳи нирӯҳои шӯришиён Юнус гуфт, вақте нирӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ давоми чил рӯз ба бомборони шаҳри Мисрота, пойгоҳи шӯришиён машғул буданд, НАТО коре накард.

“Агар НАТО як ҳафтаи дигар мунтазир мемонд, Мисрота дигар тамом шуда буд ва он ҷо як инсони зинда, як шаҳрванди мулкӣ ҳам намемонд. Ва масъулияти чунин як ҷиноят ба дӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ меуфтод. НАТО кист? Онҳо чӣ мекунанд? СММ НАТОро ба сари мо бор кард, аммо онҳо чизе намекунанд”.

Моҳи гузашта Шӯрои амният истифодаи нирӯи хориҷии ҳавоиро зидди артиши Қаззофӣ иҷозат дод ва ҳафтаи гузашта НАТО масъулияти назорати амалиётро аз нирӯҳои эътилофи ғарбӣ, ки ба он ИМА, Фаронса ва Бритониё шомил ҳастанд, ба ихтиёри худ гирифт. Ромеро гуфт, ки амалиёти НАТО бо суръати пешинааш идома хоҳад кард.

Вазири хориҷаи Фаронса Ален Жюпе гуфт, ки вазъи Мисрота чандон мустаҳкам нест ва ӯ ният дорад ин масъаларо дар гуфтгӯе бо дабири НАТО Андерс Фог Расмуссен баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG