Пайвандҳои дастрасӣ

Фестивали байналмиллалии театрҳои касбии «Наврӯз- 2011» имрӯз 6-уми апрел дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора, ки дар толори театри Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуд, ҳунармандону намояндагони театрҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳузур доштанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан эълом шуда буд, ки ин ҷашнвора бо ширкати театрҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Эрону Афғонистон доир мешавад.

ЭРОНУ УЗБАКИСТОН ШИРКАТ НАКАРДАНД

Аммо баргузории маросими ифтитоҳи ҷашнвора собит кард, ки Эрон ва Узбакистон дар ин фестивали байналмилалӣ иштирок нахоҳанд кард.

Масъулони баргузории ҷашнвораи «Наврӯз- 2011» иллати ширкат накардани театри Эронро ба идомаи барномаҳои наврӯзӣ дар ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг марбут донистанд. Бо ин ҳам як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистонро, ки дар чаҳорчӯби он намоишномаи «Рустам ва Исфандиёр» тавассути ҳунармандони эронӣ муддати чаҳор рӯз дар толорҳои театрии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, сабаби дигари ширкат накардани ҳунармандони театри Эрон дар ҷашнвораи «Наврӯз- 2011» донист.

Ин дар ҳолест, ки қаблан эълом шуда буд, ки театри Эрон намоишномаи «Рӯдакӣ» -ро ҳамчун армуғон ба ҷашнвораи «Наврӯз -2011» ба Душанбе меорад.



Аммо созмондиҳандагони ҷашнвора дар мавриди ширкат накардани театри Узбакистон гуфтанд, ки ин кишвар бо вуҷуди дархости вазорати фарҳанги Тоҷикистон, то ҳол посухе надодааст. Дар ҳар сурат, бархе аз ҳунармандони тоҷик ин амалкарди ҷониби Узбакистонро ба назар нагирифтани даъвати Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

НАМУНАИ ХУБИ ГУФТУГӮИ ФАРҲАНГҲО


Ба ин тартиб саввумин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз -2011»-ро Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ кард ва ин иқдомро падидаи хубу муассир дар рушди театри касбӣ, густариши равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни кишварҳои минтақа ва ҳамзабон унвон кард.

Ба таъкиди ҷаноби Асрорӣ, маҳз ҳамкории пурсамар метавонад, кишварҳоро ба ҳам наздик ва фазои дӯстӣ ва бародариро бештар тақвият мебахшад.

Ҷалоли Нуронӣ, мушовири вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, ки ҳайати ҳунармандони афғонро дар ҷашнвораи «Наврӯз -2011» раҳбарӣ
мекунад, гуфт, «ин фестивал намунаи хуби гуфтугӯи фарҳангҳо хоҳанд буд. Мо умедворем фарҳангу ҳунари кишварҳои мо боз ҳам рушд хоҳад кард ва мо дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора табодули афкор ва таҷриба хоҳем кард».

Дар нахустин рӯзи баргузории ҷашнвора, намоишномаи «Рӯдакӣ» дар таҳияи коргардон Ҳошим Гадоев, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон, ки дар ҳафтаи гузашта ғолиби фестивал-озмуни театрҳои касбии «Парасту- 2011» шуда буд, манзури тамошобинон ва меҳмонони ҷашнвораи «Наврӯз -2011» гардонида шуд.

ҲАФТ НАМОИШНОМА РӮИ САҲНА

Ҳамчунин дар назар аст, ки театри «Овора» -и Туркманистон намоишномаи «Лир» -и Уилям Шекспирро пешкаши ширкаткунандагони фестивали "Наврӯз- 2011" гардонад.

Театри Афғонистон намоишномаи «Дарбанд» - Карим Ҳайдарӣ, театри Қирғизистон намоишномаҳои «Турнаҳои умед» -и Чингиз Айтматов ва «Занги бемаҳал» -и Ато Ҳамдам ва Қазоқистон намоишномаи «Туркони Усмонӣ» -ро ба ҷашнвора пешкаш хоҳанд кард.

Интизор меравад, ҷашнвораи «Наврӯз- 2011» рӯзи ҷумъаи 8-уми апрел бо намоиши «Ишқи парӣ» -и театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов поён ёбад. Дар поёни ҷашнвора ба театрҳо ва ҳунармандону коргардонҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим мешавад.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ ҳанӯз дар солҳои 1990 дар даврони шӯравӣ созмон ёфта буд, аммо бо фурӯпошии он ва шурӯи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, баргузории он ба таъвиқ афтод.

Бо истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон ин фестивал дар солҳои 2005 ва 2009 дар Душанбе баргузор шуд. Аммо то кунун ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар ҳеҷ як аз кишвари минтақа ин ҷашнвора доир нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG