Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири муҳоҷират ба фарҳанги сиёсӣ


Муҳоҷиратҳо на танҳо ба таркиб хонавода дар Тоҷикистон, балки ба фарҳанги сиёсӣ низ бетаъсир намондааст.

Агарчӣ нишонаҳои бештар шудани майли ҷавонон ба сиёсат дар Тоҷикистон ба чашм намерасад, аммо бидуни шак садҳо ҳазор муҳоҷире, ки мисли паррандаҳои кӯчӣ ҳар мавсим ба Русия мераванду бармегарданд, баъди бозгашт зиндагии бо шароити беҳтар дар Русияро бо сахтиҳо дар Тоҷикистон муқоиса мекунанд.

МУҲОҶИРОН НЕРӮИ ТАЪСИРГУЗОР?

Муҳоҷирони корӣ, ки ҳоло осиёби иқтисоди Тоҷикистонро мечархонанд, ба эҳтимоли ғолиб яке аз нерӯҳои қавии таъсиргузор ба сиёсат дар кишвар ҳам табдил хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Маҳфуза Ҳакимова, таҳлилгари тоҷик, селаи муҳоҷироне, ки ҳар сол ба Русия мераванд, бидуни шак, бо фарҳанги сиёсӣ ва хостаҳои бузургтар бармегарданд. “Дар онҷо шояд ҳамон методи муқоисавӣ дида шавад, ки муқоиса мекунанд ва мехоҳанд, ки худи кишвари онҳо рушд кунад, шояд ягон навоварӣ мехоҳанд дар Тоҷикистон бубинанд ва ба ин хотир рӯ меоранд ба ҳаёти сиёсӣ. “

Ба қавли Манзура Ҷӯраева, раҳбари созмони ғайридавлатии “Мултикид”, ки бо муҳоҷирони корӣ зиёд кор кардааст, то замони муҳоҷират, ҷое барои як ҷавони тоҷик беҳтар аз рустояш ҷое вуҷуд надорад ва ӯ фикр мекунанд, зиндагии сахт дар ватани ӯ чизи маъмулист ва аз ин беҳтар намешавад.

Аммо як сафар ба Русия назари бисёре аз онҳоро тағйир медиҳад, ки зиндагӣ ва шароити зиндагӣ метавонад беҳтар бошад, вале дар Тоҷикистон чаро чунин нест?: “Вақте ки онҳо дар инҷо ҳастанд ва дар як муҳит ҳастанд, мумкин ҳатто ин суолҳоро ба худашон намедиҳанд, чунки ҳамин ҳолатро шояд муқаррарӣ ҳисоб мекунанд, вақте мебинанд, зиндагии дигар ҳам ҳаст ва мебинанд, ки мисли онҳо ҳам одамони оддӣ дараҷаи зиндагиашон беҳтар аст, ин суолро медиҳанд.”

МУҲОҶИРОН ВА БОЗОРИ ДОХИЛӢ


Мусаллам аст, ки муқоиса метавонад, мояи норозигӣ аз мақомоти расмӣ шавад, ки чаро онҳо наметавонанд, шароити беҳтари зиндагӣ дар дохили кишварро фароҳам кунанд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов, мутахассиси бозори кор дар Тоҷикистон, агарчӣ то кунун пажӯҳише доир ба таъсири муҳоҷират ба фарҳанги сиёсии муҳоҷирони тоҷик анҷом нашудааст, аммо пажӯҳишҳои дигар нишон додааст, ки муҳоҷироне, ки бармегарданд, шарту шароити кордиҳандаҳои дохилиро намепазиранд: “Дар сатҳи истеҳсолот, дар сатҳи корхонаҳо чунин талабот дар миёни муҳоҷирон ҳаст, ки онҳо мехоҳанд, бо технологияҳои муосир кор кунанд, шароити кори беҳтар дошта бошанд ва таҳқиқоте, ки соли 2008 Созмони Байналмилалии Кор анҷом дод, нишон дод, ки аксари корфармоён намехоҳанд, муҳоҷирони кориро ба кор бигиранд, зеро аз ҷониби онҳо талабот барои сифати кор хеле баланд аст.”

"МУҲОҶИРАТ БА ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ТАЪСИР МЕГУЗОРАД"


Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари дигари тоҷик ҳам мегӯяд, ӯ ҳанӯз аломатҳои рӯшани таъсири муҳоҷират ба фарҳанги сиёсии муҳоҷирони кориро надидааст ва бовар надорад, ки дар шароити феълӣ онҳо норизоиятии худ аз вазъ дар кишварро ошкор баён кунанд: “Агар онҳо баргарданд ба Тоҷикистон пофишорӣ мекунанд (барои беҳбуди шароити зиндагӣ) лекин ҳоло аслан норозигии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз Тоҷикистон мекӯчанд. Онҳое, ки розӣ набошанд, кӯшиш мекунанд, ки дар Русия монад.”

Фирӯз Саидов, таҳлилгари дигари тоҷик чунин намуна меорад, ки чӣ гуна муҳоҷирати корӣ метавонад, ба фарҳанги сиёсӣ ва ҳам афкори умум дар миёни муҳоҷирон таъсир гузорад. “Аз сеяки он муҳоҷирони корӣ, ки асосан ба Русия мераванд, шаҳрванди ин кишвар шудаанд ва қисман сиёсати ин давлатро ҳимоят мекунанд. Яъне муҳоҷират оҳиста оҳиста, таъсири худро ба фарҳанги сиёсӣ мегузорад”.
XS
SM
MD
LG