Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз додгоҳи пурсару садои Берлусконӣ оғоз мешавад


Силвио Берлусконӣ
Силвио Берлусконӣ
Қарор аст имрӯз дар шаҳри Милани Италия мурофиаи додгоҳии Силвио Берлусконӣ-нахуствазири ин кишвар оғоз шавад. Вайро муттаҳам кардаанд, ки барои робитаи ҷинсӣ ба як духтари навраси марокашӣ маблағе пардохт кардааст. Интизор намеравад, ки Берлусконӣ дар ин мурофиа ширкат ҷӯяд. Вале садҳо нафар рӯзноманигорон бо дастгоҳҳои наворбардориву аккосӣ дар Милан ҳозир хоҳанд шуд, то дар оғози ин мурофиаи пурсару садои таърихи муосири Италия ширкат ҷӯянд. Берлусконӣ 74 сол дорад ва барои пардохти маблағ ва ҷавоҳирот ба Карима ал Маҳруғ муттаҳам шудааст. Ин духтари 17 сола бо номи мустаори Рабӣ низ шинохта шуда аст. Карима поинтар аз синни қонунӣ дар Италия аст, ба ин далел қонун пардохти маблағ барои робитаи ҷинсиро ба вай иҷоза намедиҳад. Гузашта аз ин, Берлусконӣ барои суистифода аз мақом муттаҳам дониста мешавад. Вақте, ки полис Каримаро барои эҳтимоли дуздӣ боздошт кард, нахуствазир ба ин парванда мудохила ва вайро аз боздошт раҳо кард. То ҳол Карима ва Берлусконӣ робитаи ҷинсии худро эътироф накардаанд ва Берлусконӣ мегӯяд, ки дар ин парванда кори нодурусте накардааст.
XS
SM
MD
LG