Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Фразер: Эрон Амрикои Лотинро тасхир мекунад


Фармондеҳи нируҳои ҷанубии Амрико гуфтааст, Эрон иртибототи худро бо Амрикои Лотин густариш медиҳад. Ин иртиботот бар иловаи равобити наздики Эрон бо Венесуэло аст ва Амрико ба он аз наздик назора мекунад. Генерал Дуглас Фразер дар Кумитаи Хадамоти Мусаллаҳи Сенат гуфт, талошҳои Эрон барои густариши равобит бо ин минтақа натиҷаи “таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди барномаҳои ҳастаӣ”-ро камтар мекунад. Ба гуфтаи вай, аз соли 2005 ба ин сӯ шумораи сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳои Амрикои Лотин ду баробар афзоиш ёфта, аз 5 адад ба 10 адад расидааст. Эрон тавонистааст дар 17 кишвар ройзаниҳои фарҳангии худро боз кунад.
XS
SM
MD
LG