Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Косово шаҳрдорро як моҳ маҳкум ба зиндон карданд


Қозии додгоҳи Иттиҳодияи Аврупо шаҳрдори шаҳраки ҷанубии Косоворо барои ҳамкорӣ накардан бо додгоҳ як моҳ маҳкум ба зиндон кард. Шаҳрдор Блерим Куқӣ дар ҷараёни расидагӣ ба парванда аз ҳамкорӣ саркашӣ кардааст. Дар эъломия омадааст, Куқӣ аз додани посух ба суолҳои додситон роҷеъ ба як парвандаи ҷиноӣ худро канор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG