Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон резиши оби олударо ба уқёнус боздоштааст


Ниругоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон мегӯяд, ба ин ниругоҳ муяссар шудааст, ки аз ҷорӣ шудани оби олудаи радиатсия ба уқёнуси Ором ҷилавгирӣ кунад. Ширкати энержии Ҷопон гуфтааст, дар назди реактори рақами 2-и ниругоҳ дар натиҷаи зилзила сатҳи замин тарак бардошта буд ва аз он оби олудаи радиатсия аз системаи сардкунанда ба уқёнус мерафт. Ҳоло ба ин дарз ё тарак селикатеро рехтаанд ва дарз маҳкам шудааст.
XS
SM
MD
LG