Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи байналмиллалӣ гушоиш меёбад


Имрӯз дар Душанбе дуввумин Намоишгоҳи байналмиллалии саноеъ ва тиҷорат гушоиш меёбад. Дар ин бора намояндаи Утоқи Бозаргонии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ 100 ширкат аз 20 кишвар молу колоҳои худро ба намоиш гузоранд. Ширкатҳо аз Русияву Беларус, Қазоқистону Украина, Туркияву Эрон, Покистону Афғонистон ва Чину Олмон аз ҷумлаи онҳо хоҳанд буд. Ин намоишгоҳ то 8-ӯми апрел давом мекунад. Соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар чунин намоишгоҳ бештар аз 5 000 нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG