Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳавои Тоҷикистон барои 6 апрел


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ҳаво каме абрӣ, вале борон намеборад. Ҳаво рӯзона то 21 дараҷа гарм, шабона 7-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво мисли ҳавои Душанбест.
Дар водии Вахш низ бориш пешбинӣ нашудааст. Ҳаво 24 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаи Кӯлоб низ борон намеборад. Ҳаво рӯзона 22 дараҷа, шабона 9-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хоруғ баъд аз нисфирӯзӣ борон меборад. Шабона бориш қатъ мегардад. Ҳаво рӯзона 8 дараҷа гарм, шабона то 9 дараҷа хунук мешавад.
XS
SM
MD
LG