Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯз дар Яман дар тазоҳурот 3 нафар кушта шуд


Дирӯз дар Яман миёни ҷонибдорони президент Алӣ Абдулло Солеҳ ва ширкаткунандагони тазоҳуроти зидди давлатӣ задухӯрди тоза рух дод. Бино ба гузоришҳо дар шаҳри Санъо-пойтахти Яман дар ин даргириҳо дасткам 3 нафар куша, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин задухӯрд дар ҳоле рух дод, ки афроди қабилаи президент ба хобгоҳи низомиён ҳамла бурданд, зеро низомиён ба тарафи тазуҳуркунандагон гузаштаанд. Аз оғози моҳи феврал то ҳол, яъне аз замони шуруи тазоҳурот дар Яман 150 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG