Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Соҳили Оҷ таслим мешавад?


Созмони Милал ва Фаронса эълом карданд, ки генералҳои фаводор ба Лаурент Гбаго раиси ҷумҳури Соҳили Оҷ дар бораи шароити таслими ӯ музокира доранд. Лаурент Гбаго ва хонаводааш дар таҳхонаи қароргоҳаш дар шаҳри Обидҷон пинҳон шудаанд, ки дар муҳосираи нерӯҳои Аласане Оутарра, раиси ҷумҳури эътирофшудаи Соҳили Оҷ қарор дорад. Алан Жупе, вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, музокиракунандагон тақрибан ба хуруҷи Лаурент Гбаго мувофиқат кардаанд. Масӯният ва амният барои Лаурент Гбаго ва хонаводааш аз шароити аслии хуруҷи ӯ аз Соҳили Оҷ будааст. Лаурент Гбаго, бо вуҷуди шикаст дар интихобот дар моҳи ноябр, аз додани қудрат сарпечӣ кард ва бӯҳрони сиёсӣ ба низоъ печид
XS
SM
MD
LG