Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ


Акс аз торнамои President.tj
Акс аз торнамои President.tj

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар бархе аз шаҳру ноҳия ва ҷузвутомҳои Горди миллӣ дигаргуниҳо ба амал омад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов, ки то ин вақт вазифаи сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД-ро иҷро мекард ноиби вазири корҳои дохилӣ таъин шуд. Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Раҷаб Маҳмадалиев муовини фармондеҳи Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Зимнан, ҷаноби Тағоймуродов дар ҳоле ба мақоми муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шудааст, ки ҳафтаномаи “Азия Плюс” ва хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро барои мақолае дар бораи мавҷудияти шиканҷа дар сохторҳои Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорат ба додгоҳ кашид ва барои “нақзи шаъну эътибори ӯву идорааш” аз ҳафтанома 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кардааст.

Дар ҳамоҳангӣ бо раисиҷумҳур ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Балҷувон, идораи умури дохилӣ дар нақлиёт дар вилояти Хатлон ва фармондеҳони бархе аз ҷузвутомҳои Горди миллӣ иваз шуданд. Инчунин дар ҳайати кадрии Оҷонси мубориза бо фасод ва додситониҳо тағйир ба вуқӯъ пайваст.

Дар дидор бо онҳое, ки ба вазифаҳои нав таъин гаштанд, ҷаноби Раҳмон ба зарурати тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ, фасод, тундгароӣ, парвариши мутахассисони варзида, ҳифзи ҳуқуқ ва қонун таъкид намуда, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи мардум ва кишвар даъват намуд.

Ҳамчунин, бино ба иттилои торнамои президенти Тоҷикистон, мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҷалил Пириев бо амри президенти мудири шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Мухтор Неъматов ба мақоми мудири иҷроияи Маркази татбиқи барномаҳои таҷдиди роҳҳо баргузида шуд.
XS
SM
MD
LG