Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амирқул Азимов: "Бастани ҲНИТ матраҳ нест"


Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон
Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Номи Амирқул Азимов пас аз номзадии ӯ дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси Намояндагон дубора сари забонҳо омад.

Вале хабарнигори "Озодӣ" сӯҳбати худро аз ҷаласаи ахири Шӯрои амният ва танқиди расиҷумҳур дар ин бора, ки сохторҳои дахлдор ҳаводисро пешгӯӣ карда наметавонад, оғоз намуд ва аз ӯ пурсид, ки манзур аз чунин интиқод чӣ буд?
Алии Бедакӣ аз силоҳи вазнин захм бардошт ва азбаски ҳолаташ бисёр вазнин буд, мо дастур додем, ки зудтар ба беморхона баранд. Зеро ӯ барои мо зинда лозим буд...


Амирқул Азимов: Ҳадафи раисҷумҳур ин буд, ки сохторҳои амниятӣ натавонистанд сари вақт ба роҳбари мамлакат оид ба воқеаҳое, ки дар водии Рашт сурат гирифт, маълумот ироа кунанд. Пешгӯӣ карда натавонистани мақомот боис ба нигаронии раисҷумҳурӣ шуд. Пас аз ин ҷаласа як гурӯҳи баландпоя ба водии Рашт, барои ба эътидол овардани авзоъ, сафар кард, ки дар ҳайъати ин гурӯҳ ман ҳам шомил будам. Мо дар давоми панҷ моҳ дар ин водӣ, албатта, бо қувваи сохторҳо, бо кӯмаки ҳукумати марказӣ ва пеш аз ҳама дастгирии роҳбари мамлакат, тавонистем дар водии Рашт вазъиятро ба эътидол оварем.

Имрӯз вазъият дар водии Рашт тамоман дигар аст. Раҳбари кишвар дар ҷаласаи Шӯрои амният дуруст қайд кард, чунки яке аз сабабҳои сар задани чунин даргириҳо, ман ба ин иқрорам, то андозае фалаҷ шудани сохторҳо ва мақомоти ҳукуматӣ дар он маҳал буд. Онҳо натавонистанд сари вақт ба сохторҳои марказӣ доир ба мавҷудияти имконоти пайдоиши ин ё он ҳодиса ахбор пешниҳод кунанд.

ВОҚЕАҲОИ ҒАРМ АЗ КУҶО "ОБ МЕХӮРАД"?

Абдуқаюми Қаюмзод ҳангоми сӯҳбат бо Амирқул Азимов
Суол:
Мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои маҳаллии интизомиву амниятӣ дар бораи имкони вуқӯи ин ҳаводис маълумот доштанду пинҳон доштанд ва ё ин ки дар воқеъ бехабар буданд?

Амирқул Азимов: Онҳо бояд, ки маълумот медоштанд.

Суол: Фикр мекунед, чаро ҳаводиси Ғарм рух дод? Онҳое, ки силоҳ гирифтанд бо хоҳиши худ гирифтанд ва ё таҳрикҳое ҳам буданд?

Амирқул Азимов: Пеш аз ҳама, ин омилҳо омилҳои берун аз ватани мост. Агар мо каме таърихи сулҳи тоҷиконро таҳқиқ кунем, баъзе аз ба ном қумандонҳо ба сулҳе, ки мо бастем ҳамроҳ нашуданд. Мисоли он ҳамин Мулло Абдуллост. Ман Мулло Абдуллоро мешиносам. Дар бораи вай маълумоти зиёд дорем. Сентябри соли 1996 ҳангоми ба имзо расонидани Протоколи Ғарм ӯ наомад ва дар ҷойи худ муовинаш бо номи эшони Азизро фиристод. Баъдан мо ба назди ӯ рафтем. Пас аз имзо кардани протокол, Ӯ ваъда дод, ки ин Протоколро дастгирӣ мекунад. Гуфт, худам натавонистам дар имзои он иштирок намоям, вале муовинамро фиристодам.

Соли 1996, вақте ба Ғарм рафтам, он ҷо мондам. Пас аз имзои Созишномаи Хусдеҳ (11-уми декабри соли 1996), ки аз тарафи роҳбари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари оппозитсиюн домулло Нурӣ ба имзо расид, як комиссияи баландпояи оппозитсиюн бо роҳбарии ҷаноби Давлати Усмон ба Тоҷикистон омаданд. Ман боз роҳбари гурӯҳи ҳукуматӣ доир ба иҷрои Протоколи Хусдеҳ таъйин шудам. Пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ дар Маскав боз барои иҷроиши бандҳои он созишнома аз тарафи президент ҳамоҳангсоз дар ҳамкорӣ бо КОМ дар он минтақа таъйин шудам ва бо намояндаҳои онҳо будам. Аз соли 1996 то 1999 бо тамоми он қумандонҳое, ки дар он ҷо буданд, хурду бузург, чандин маротиба сӯҳбатҳо кардаам ва бо онҳо оид ба иҷрои бечунучарои Созишномаи сулҳ гуфтугӯҳо доштем, аз он ҷумла, бо Мулло Абдулло, ки чандин маротиба аз ташкилкунандаҳои харобсозии қоидаҳои сулҳ буд. Бо вуҷуди ин дар ҳама давраҳо он одам бахшида мешуд ва дар охирин вақт, ҳангоме ки боз ӯ худсарона роҳи байни водии Рашт ва маркази мамлакат дар минтақаи Чорсадаро зери тасарруфи худ гирифт, яъне постҳо гузошт ва даст ба ғорати мардум зад, бо вай сӯҳбат доштем.

"ЗАБОНХАТ"-И МУЛЛО АБДУЛЛО

Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло
Суол:
Ин кадом сол буд?

Амирқул Азимов: Ин охирин амалиёти зидди МуллоАбдулло буд дар соли 2000. Мо ба вай пешниҳод кардем, ки постгоҳҳоро бардорад ва мардумро ғорат накунад. Ҳам мардуми водии Рашт ва ҳам дигар мардуме, ки аз ин ҷо гузар мекарданд, шикоят мекарданд, ки мавриди ғорат қарор мегиранд. Онҳо мегуфтанд, ки мо сулҳ кардем чаро ин гуна постгоҳҳо боз ташкил шудаанд, онҳоро аз байн бардоред. Чандин маротиба бо ӯ вохӯрдам, ӯ «хуб» мегуфт, вале сари қавли худ намеистод. Пас аз ин, ман ба раҳбари давлат оид ба иҷро накардани ин созишнома гузориш додам, аз он ҷумла гузориш аз тарафи намояндаи оппозитсиюн ба КОМ, ба домулло Нурӣ пешниҳод шуд, ки Мулло Абдулло шароитро иҷро намекунад. Ҳамин буд, ки як амалиёти муштараки нерӯҳои ҳукуматӣ ва оппозитсиюн барои маҳви гурӯҳи Мулло Абдулло баргузор шуд. Дар оғози ин амалиёт ман иштирок доштам. Вақте ин гурӯҳи муштарак дар Чорсада аз мошин пиёда шуда мехостанд блок-постҳоро баркананд, гурӯҳи Мулло Абдулло ба самти онҳо оташ кушод ва ин гурӯҳ низ маҷбур шуд оташи ҷавобӣ кушояд. Натиҷа чунин шуд, ки бархеҳо дастгир ва бархеи дигар маҳв ва бархе ҳам таслим шуданд.

Аммо Мулло Абдулло нопадид шуд. Баъд аз чанде хабар расид, ки Мулло Абдулло ҳамроҳ бо нафаронаш мехоҳад таслим бишавад. Ин дафъа ҳам роҳбари давлат супориш дод, ки амалиёт гузаронида нашавад ва агар ӯ таслим шуданист, мо ӯро афв хоҳем кард. Бо дастури роҳбари мамлакат ман ҳамроҳ бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, барои мулоқот бо вай ба як минтақаи кӯҳсор рафтем. Мулло Абдулло бо 28 нафари ҳамроҳаш, ки мусаллаҳ буданд, омад. Азбаски вай маро хуб медонист, салому алейк кардем ва гуфтам домулло боз чанд вақти дигар ин бадбахтӣ давом мекунад? Дастҳояшро боло карду гуфт, ки «бас, ман бас кардам.» Гуфт, ки фақат «як хоҳиш аз ҳукумати Тоҷикистон дорам. Ба ман имкон диҳанд, ки дар ватани худам хок шавам. Ҳамин ҷо истам.» Мо хуб гуфтем ва розӣ шудем ва аз ҳисоби он нафароне, ки ҳамроҳаш буданд, чаҳор нафарро ҳамчун ҳозирбоши ӯ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кофарниҳон ба қайд гирифтем. Дигарҳо ҳама силоҳро супорид ва Мулло Абдулло забонхат ҳам навишт, ки «ман ӯҳдадор мешавам, ки дигар даст ба қонунвайронкунӣ намезанам ва ягон рафтори зидди созишномаи сулҳ намекунам.» Баъд аз ин, вай ба хонааш баргашт. Як ҳафта-ду ҳафта дар хонааш зиндагӣ кард. Пас аз ду ҳафта мо фаҳмидем, ки вай ғайб задааст. Боз вай тарки ватан кард ва боз рафта ба гурӯҳҳои террористии хориҷӣ ҳамроҳ шуд ва ҳар сари чанд соле бо «хоҷа»-ҳои хориҷии худ маслиҳат карда мехоҳад, ки дар Тоҷикистон боз як нохушие ба амал орад.

Ҳодисаҳое, ки соли гузашта дар Рашт ба вуқӯъ омаданд, пеш аз ҳама ба туфайли ҳамин гурӯҳ рух доданд. Ин гурӯҳ дар он ҷо омада маскан гирифт ва қисме аз фарзандони ин маконро ба худ шарик сохта, як гурӯҳи ғоратгарро дар он ҷо ташкил кард ва яке аз ин гурӯҳҳо моҳи сентябр ба сарбозон ва афсарони вазорати дифоъ ҳамла бурда онҳоро ба қатл расониданд. Ин кор ҳам аз касофати Мулло Абдулло рух дода буд.

ҲАДАФ: ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Имрӯз дар назди ҳукумати Тоҷикистон барҳам додани ҳизби наҳзати исломӣ матраҳ нест. Лекин дар расонаҳо чор тараф мегӯянд, ки ҳукумат ҳизби наҳзати исломиро мебандад ё не. Ин иғвогарӣ ва ҷудоиандозӣ ба кӣ даркор аст?


Суол: Яъне ба ҳар сурат авомили хориҷӣ вуҷуд дорад?

Амирқул Азимов: Доранд. Пеш аз ҳама, вуҷуди омилони хориҷӣ дар он ифода меёбад, ки мо бидонем, гурӯҳҳои террористӣ дар куҷо ташаккул меёбанд, дар куҷо машқ мекунанд, дар куҷо омӯзиш мебинанд? Ин корҳо ҳама дар ҳудуди он мамлакатҳо ташкил мешавад. Дар он ҷо ташкил меёбанд ва ба қаламрави давлатҳои ҳамсоя ворид мешаванд. Албатта, ин ҷо ҳадафҳои онҳо басо жарф аст. Танҳо як Мулло Абдулло наомада буд ва ҳамроҳи ӯ намояндаҳои дигар гурӯҳҳо ҳам омада буданд ва ҳадафи асосии онҳо на Тоҷикистон аст. Ҳадафи асосии онҳо Осиёи Марказист, водии Фарғона. Ҳадафи асосӣ як оташеро дар ин ҷо ба вуҷуд овардан аст. Мо пеш аз ҳама садди роҳи ин гурӯҳҳо шудем. Имрӯз ҳам, ки ҳарчи рух медиҳад, пеш аз ҳама, ба хотири оромиву суботи минтақа ташкил мешавад ва мо ҳамеша садди роҳи онҳо мешавем.

Амирқул Азимов
Суол:
Оё ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон маҳалли буду боши Мулло Абдуллоро медонанд ва чаро боздошт ва ё безарар карда намешавад?

Амирқул Азимов: Дар ҷаласаи Шӯрои амният роҳбари мамлакат аз сохторҳои қудратӣ ва амниятӣ нисбат ба безарар кардани ин гурӯҳҳо боисрор талаб пеш гузошт. Баъд аз он якчанд дигаргуние дар роҳбарияти ин сохторҳо ба вуҷуд омад. Азбаски ман дар он минтақа чанд вақти ахир ҳузур доштам бо боварии том гуфта метавонам, ки ин сохторҳо имрӯз бо як тарзи нави корбарӣ гузаштаанд. Имрӯз қариб навад, наваду панҷ фисади он нафароне, ки ба гурӯҳҳои террористии Мулло Абдулло мансуб буданд, дастгир ва ё несту нобуд гардонида шуданд ва барои дастгир ва хунсо кардани боқимондаҳои онҳо кор давом дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон барои чунин гурӯҳҳо майдон нест ва бо бовари комил мегӯям, ки сохторҳои қудратӣ супоришҳое, ки роҳбари мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои амният дод, иҷро мекунанд.

АНҶОМИ АМАЛИЁТРО ИНТИЗОР МОНЕМ?

Суол: Яъне Мулло Абдулло ҳоло дар дохили Тоҷикистон нест?

Амирқул Азимов: Дар бораи Мулло Абдулло ва оид ба макони вай мо маълумоти оперативӣ дорем. Аммо баъд аз анҷоми амалиёт метавонем дар ин бора чизе бигӯем.

Суол: Шумо дар яке аз сӯҳбатҳоятон гуфта будед, он кишварҳоеро, ки дар қазияи шарқи кишвар мудохила мекунанд, ошкор мекунед. Вале маълум нашуд, ки он кишварҳои хориҷӣ, ки ба ин қазияҳо дахл доранд, кадомҳоянд...

Амирқул Азимов: Ман пеш аз ҳама дар назар доштам он омилҳоеро, ки барои ташаккул ёфтани чунин қувваҳо дар Афғонистон ва Покистон кӯмак кардаанд.

Суол: Узбакистон дар назар набуд ин ҷо?

Амирқул Азимов: На, Узбакистон дар назар набуд.

"АЛИИ БЕДАКӢ САХТ ЗАХМӢ ШУД"

Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, дар навори видеоие, ки пас аз марги ӯ дар сайтҳои интирнетӣ паҳн шуд
Суол:
Баъд аз он ки Алии Бедакӣ кушта шуд ва аз тариқи телевизион дар ин бора маълумот нашр шуд, навори видеоие дар сайтҳо ба сайр даромад, ки Алии Бедакӣ пеша аз кушта шуданаш мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Фикр мекунед, нашри ин навор кори дасти кӣ буда метавонад ва то куҷо он воқеӣ аст?

Амирқул Азимов: Ман худам шоҳид будам, ки дар кадом ҳолат ва дар куҷо Аловиддин Давлатов, яъне Алии Бедакӣ дастгир шуд.

Суол: Зинда?

Амирқул Азимов: Зинда. Вай аз силоҳи вазнин захмӣ шуда буд. Амалиёти доиркардаи нерӯҳои муштараки амниятии зиддитеррористии мамлакат, инро бидуни тавсиф мегӯям, бисёр ҳам бобарор ва муваффақ баргузор шуд. Азбаски супориши қатъии роҳбари мамлакат буд, ки мардум зарар набинанд. Ин амалиёт бисёр ҳам ба таври нозукона сурат гирифт. Вақте мо он ҷо будем, дар яке аз газетаҳо матлабе чоп шуда буд, ки гӯиё дар дараи Камароб дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гурӯҳҳои муштараки давлатӣ чандин хонаҳои мардум осеб дида бошад. Ман худам шоҳидам, имрӯз дараи Камароб боз аст, ҳамонҳо рафта бинанд, ки ягон дарахти мардум ё ягон хонаи алоҳида зарар дидааст ё не? Не, зарар надидааст. Чунки амалиёт бисёр ҳам бо таҳлили ҳаматарафа гузаронида шуданд. Амалиёт замоне шурӯъ шуд, ки маълум гардид, гурӯҳи Алии Бедакӣ дар куҷост ва дар куҷо пинҳонанд.

Сохторҳои махсус онҳоро пайгирӣ карданд ва азбаски он ҷо ҷои аҳолинишин буд, ба хотири он ки ягон фоҷеа бар сари мардум наояд, ҳама ба он минтақа рафтем. Амалиёт дар назди чашми мо сурат гирифт. Он гурӯҳ дар як болохона ҷойгир шуда буд ва, албатта, мо ҳам он деҳа ва ҳам он болохонаро муҳосира кардем. Соҳиби он хонаро пайдо ва бо вай сӯҳбат кардем. Он одам дар қайди ҳаёт аст, хуб медонад ва ба ӯ гуфтем, ки биравад ва ба он гурӯҳ бифаҳмонад, ки ба хотири он ки хун нарезад, ба хотири он ки ягон кас талаф наёбад, мо мехоҳем, онҳо силоҳҳоро бисупоранд. Он одам ба назди онҳо рафт ва мо ҳама ҳаракатҳои ӯ ва худи он хонаро мушоҳида мекардем. Баромад ба назди онҳо, гуфтугӯ кард ва поин шуд. Дастурхон бурд, чой бурд, мо ин ҳамаро медидем. Пас аз тақрибан чиҳил дақиқа ва ё шояд бештар баргашта омаду гуфт онҳо ҷиҳод карданианд ва намехоҳанд, ки силоҳҳоро бисупоранд. Пас аз ин мо боз вақт додем. Гуфтем, ки вақт медиҳем, бигузор фикр кунанд. Бигузор нигоҳ кунанд ва бубинанд, ки оё ягон ҷои баромадан доранд ё на? Якчанд дақиқа гузашт, онҳо оташ кушоданд. Оташ ба хотири он буд, ки барои худ долони раҳоӣ боз кунанд. Онҳо фикр карданд, ки аз паси ҷарии пушти манзил раҳо меёбанд. Лекин аз паси он ҷарӣ ду ҳалқаи дигари муҳосира ташкил ёфта буд. Мо ҳамаи ҳолатҳоро ба назар гирифта будем.

Вақте онҳо тирпаррониро сар карданд, амалиёт оғоз ёфт. Як нафар дастонашро боло бардошта аз байнашон берун омад. Силоҳашро гузошт ба замин. Мо гуфтем роҳ кушоянд, бигзарад. Наздикии блок-пост омада, якбора ду гранатаро ба тарафи сарбозон партофт. Хуб шуд, ки сарбозон дар пастӣ қарор доштанд, осеб надиданд, вале ӯ нобуд карда шуд. Аловиддин аз силоҳи вазнин захм бардошт ва азбаски ҳолаташ бисёр вазнин буд, мо дастур додем, ки зудтар ба беморхона баранд. Зеро ӯ барои мо зинда лозим аст. Аз онҷо то касалхона якчанд километр аст. Баданаш шикоф шуда буд. Ба фикрам, охирин нафасҳоро мекашид. Чунки вақте дар мошин шинониданд, рангаш парида буд ва дар ҳолати пеш аз маргӣ қарор дошт. Бо ҳамин бурданду дар роҳ тамом шуд. Ин ҳақиқати он ҳодиса аст.

"ЗИНДАИ АЛӢ ЛОЗИМ БУД, НА МУРДАИ Ӯ"

Суол: Пас, он навори паҳншуда дар сайтҳо нодуруст аст?

Амирқул Азимов: Он навор воқеӣ намебошад. Чи хел гирифта шудааст, ба мо маълум нест.
Будани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муҳим аст. Ин яке аз омилҳои оромии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа аст. Будани онҳо ба Тоҷикистон зарар надорад...


Суол: Дар он навор ӯро мисле, ки кормандони амниятӣ пурсиш мекунанд ва Шумо онро тафтиш накардед, ки он воқеият дорад?

Амирқул Азимов: Не. Як мантиқ ҳаст. Вақте ҷинояткорро дастгир мекунанд, барои сохторҳои қудратӣ зарур аст, ки он ҷинояткорро пурсанд, ки сабаби ба ин кор даст заданаш чӣ аст? Кӣ бо вай ҳамкорӣ мекард, кӣ ҳамроҳи вай буд, аз куҷо ба чунин роҳ рафтааст? Сохторҳои ҳукуматӣ мехоҳанд, ки зинда дастгир кунанд, чун вай зинда лозим аст. Барои мо зиндаи Алӣ лозим буд, на мурдаи ӯ. Аз ин рӯ, он фикр, ки ӯро сохторҳои қудратӣ аввал зинда дастгир карда, баъд несту нобуд карда бошанд ба ҳақиқат дуруст намеояд. Дар он ҷо як кас набуд. Даҳҳо нафар шоҳиди ин ҳодиса буданд. Мардуми деҳа низ ин ҳамаро дида истода буданд.

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон
Суол:
Шумо гуфтед, ки ҳоло водии Қаротегин ором аст, субот барқарор шудааст. Аммо гуфта мешавад, ҳанӯз ҳам дар он ҷо сарбозони зиёде дар бархе аз навоҳии водии Қаротегин мустақар шудаанд, ки гуфта мешавад як навъ ваҳму воҳимаро ба вуҷуд овардааст. Ин минтақа ҳанӯз ноамн аст ва ё ин ки дар онҷо баъзе аз воҳидҳои низомӣ ташкил мешаванд?

Амирқул Азимов: Баръакс, гуфтаниям, ки имрӯз мардум ба озодӣ даст ёфтаанд. Кош, ягон таҳлилгар пеш аз ин ҳаводис ва имрӯз сафар мекард ба он минтақа ва муқоиса мекард. Ман дар назар дорам навоҳии Нуробод, Тоҷикобод ва Раштро ва ӯ бо чашми худ аҳвол ва зиндагии мардумро медид. Имрӯз фарқият аз замин то осмон аст. Мардум ба пуррагӣ бо сохторҳои амниятӣ ҳамкорӣ карданд. Имрӯз хурсанданд, ки сохторҳои қудратӣ дар он ҷо пойгоҳ доранд. Вале аз тарафи дигар дар он ҷо қувваҳои бисёр мустақар нашудаанд. Азбаски водии Қаротегин аз водиҳои сарҳадӣ ва кӯҳсор аст, мо бояд ба назар гирем, ки чун як дараи кӯҳсор боз ба сад дара тақсим мешавад ва ин воқеаҳо нишон дод, ки агар мо ин кӯҳсорро аз қуввҳои берунӣ ҳифз накунем, оқибати он хуб нахоҳад буд.

Ба ҳамин хотир дар нуқтаҳои зарурӣ, ки нуқтаҳои куҳӣ мебошанд, барои дар оянда такрор нашудани чунин ҳодисаҳо ва ҳамчунин аз хориҷи мамлакат ба ин минтақа ворид нашудани ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпеша мо якчанд нуқтаҳои ҳарбиро дар онҷо ташкил кардем, ки ин ба амнияту суботи мардум, ба пешравии ҷомеа на ин ки хатар, балки ҳамовозӣ дорад. Мардум аз он ки дар ин водӣ сохторҳо ташкил шуд, нороҳат нестанд. Баръакс хурсанданд. Имрӯз мардум аз ваҳму биме, ки онҳоро пахш карда буд, баромад. Имрӯз мардум тӯй дорад. Он анъана ва расму русуме, ки мардуми тоҷик дорад дар он рӯзҳо дар он минтақа баргузор намешуд. Мардум зери хатар, зери ваҳму ҳар гуна овозаҳо қарор дошт. Ҳоло ин овозаҳо аз байн рафт, нест. Ман бо қотеият мегӯям, ки имрӯз хатар нест.

Суол: Оё дар амалиёти маҳви он гурӯҳҳо Мирзохӯҷа Аҳмадов низ иштирок дошт?

Амирқул Азимов: Албатта, ҳар як гурӯҳ дар пайдо кардан ва нобуд кардани гурӯҳҳои ҷинояткор, бо ҳар роҳу восита саҳм гузоштанд.

"БОЯД АЗ РУСИЯ МИННАТДОР БОШЕМ"

Суол: Дар бораи идомаи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ҳар гуна сару садоҳо мешавад. Ба ҳар сурат, идомаи ҳузур ё будани низомиёни Русия дар кишварро чӣ гуна диданӣ ҳастед: оё ин шароите, ки то ҳоли ҳозир ҳаст боқӣ бимонад ё бознигарӣ шавад?

Амирқул Азимов: Дар шароити кунунӣ будани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муҳим аст. Ин яке аз омилҳои оромии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа аст. Будани онҳо ба Тоҷикистон зарар надорад. Мо бояд аз русҳо миннатдор бошем, ки чандин сол марзи моро посбонӣ карданд. Дар ин давра онҳо кадрҳои марзбони моро низ тарбия намуданд. Пас аз рафтани нерӯҳои марзбони Русия гурӯҳи баландпояи мушовирони он дар ин ҷо мустақар шуданд, ки ҳамчун мушовир хидмати худро ба хубӣ анҷом доданд. Имрӯз низ ҳастанд. Вақте дар бораи будан ё набудани онҳо сӯҳбат мекунем, бояд ҳаматарафа фикр кунем. Мо дар вақти ҳифзи ватан аз кадом силоҳ истифода мекунем? Бо силоҳи истеҳсоли Русия. Пас, он мушовирон доир ба истифодаи ин яроқ ва доир ба тактикаи ҷангӣ ба марзбонҳои мо кӯмак мекунанд. Будани ин мушовирон ба Тоҷикистон зарар надорад. Имрӯз нерӯҳои марзбони Тоҷикистон тамоми марзи кишварро зери назорат доранд. Албатта, камбудҳои молӣ ҳаст. Бо вуҷуди ин, марзбонҳо дар кадом минтақае, ки набошанд, вазифаи худро содиқона анҷом медиҳанд.

"ИҒВОГАРӢ БА КӢ ДАРКОР?"

Суол: Оё Тоҷикистон метавонад ҳамин гуна ҳамкориҳои низомие, ки бо Русия дорад, бо Эрон низ ба роҳ монад?

Амирқул Азимов: Албатта, ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳое, ки нерӯи пешқадам доранд, хуб аст. Мо дар давоми сол чандин маротиба бо он кишварҳое, ки дар созмонҳои байналмилалӣ аъзо ҳастем, машқҳо мегузаронем. Дар шароити имрӯза барои пайдо кардани малакаю аз худ кардани фанновариҳо онҳо тамрин мекунанд. Пешравиҳо ҳаст. Муносибатҳои байни Вазорати дифои Тоҷикистон ва Эрон хуб аст. Дар ин ҷо мехостам гӯям, ки мардум дар баррасии ин ё он масъала, пеш аз ҳама масъалаҳое, ки ба ягонагии мардум дахл дорад, саросема нашаванд. Масалан, имрӯз дар назди ҳукумати Тоҷикистон барҳам додани ҳизби наҳзати исломӣ матраҳ нест. Лекин дар расонаҳо чор тараф мегӯянд, ки ҳукумат ҳизби наҳзати исломиро мебандад ё не. Ин иғвогарӣ ва ҷудоиандозӣ ба кӣ даркор аст? Фарзанди ҳақиқии Тоҷикистон ҷомеаро ҷамъ ва дар якҷоягӣ масъалаҳоро ҳал мекунад, на ин ки ҷудоӣ меандозад. Таҳлилҳои нохуб ба ҷомеаи ба мо, ба ғайр аз зарар фоидае надорад. Ин гуна ниятҳо дар ҳукумати Тоҷикистон нест. Роҳбарият мехоҳад, ки Тоҷикистон як ҷомеаи ягона бошад ва дар иттиҳод мушкилотро ҳал кунад. Яъне мо бояд ягона бошем, миёни мардум тафриқа наандозем.

Суол: Ба ҳар сурат, давлат ягон далеле надорад?

Амирқул Азимов: Худи масъала умуман нест. Чаро гӯем, ки далел дорад ё не? Масъала вуҷуд надорад. Аз куҷо пайдо шудааст, ман намефаҳмам.

Суол: Яъне бознашри ҳамон пешниҳоди Бозор Собир дар бораи бастани ҲНИТ, ки дар расонаҳои расмии ноҳияву вилоятҳо сурат гирифт, тасодуфӣ буд?

Амирқул Азимов: Ин мақола бо супориши ниҳодҳои ҳукуматӣ чоп нашудааст. Он чи ки Бозор Собир гуфтааст, ақидаи як шахс, як шаҳрванд аст.

"БОЛАЁҚАТҲО ДАР ҲАМА ҶО КОР КУНАНД"

Суол: Ба унвони як нафаре, ки дар назорати амнияту суботи кишвар солҳои зиёд масъулият доштед, ба ҷалби фарзандони мансабдорон ба мақомҳои давлатӣ чӣ назар доред? Оё ин як раванди табиӣ аст ва ё ба иззати нафси ҷомеа мерасад?

Амирқул Азимов: Умуман аз чунин тарзи масъалагузорӣ дар кулл ҳайронам. Агар шахс роҳбар бошад, магар фарзанди ӯ зиндагӣ накунад? Агар фарзанди вай лоиқи мансаб бошад, донишу малакаи хуб дошта бошад, магар вай кор накунад? Тарки ватан кунад? Албатта, дар ин ё он ҷо бояд кор кунад. Ин ҳамеша буд. Ҳамеша фарзандони ҳама табақаҳои ҷамъият аз рӯи лаёқату дониш дар ин ё он мансаб кор кардаанд. Ман тарафдорам, ки фарзандони болаёқати миллат дар ҳама ҷо кор кунанд. Барои ҳамин, ин ҷои таъна нест, ки фарзанди роҳбари ин ё он сохтор дар ягон ҷо кор мекунад. Албатта, ҳаст қонун дар бораи хизмати давлатӣ, ки агар падар вазир бошаду писар муовин ғайриқонунӣ аст. Аммо падар дар як сохтор ва писар дар сохтори дигар бошад, хилофи қонун нест.

Муаррифӣ

Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, аз моҳи августи соли 1996 дар ин вазифа кор мекунад. Вай соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1986 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти кории худро дар мақомоти тафтишотӣ ба сифати муфаттиш оғоз намудааст. Сипас, ҳамчун муовини вазири умури дохилӣ, мушовири давлатии раисҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва баъдан ба ҳайси Додситони кулли Тоҷикистон хидмат кардааст.

XS
SM
MD
LG