Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини собиқи раиси порлумони Эрон боздошт шуд


Қосим Шӯъла Саъдӣ, муовини собиқи порлумони Эронро дар фурудгоҳи Меҳрободи шаҳри Теҳрон боздошт кардаанд. Яке аз хешовандонаш ба Радиои Фардо гуфт, ӯро ҳангоми бозгашт аз зодгоҳаш шаҳри Шероз рӯзи сеюми апрел дастгир карда ба зиндони Эвини Теҳрон бурдаанд. Сабабҳои боздошти ӯ ҳанӯз маълум нест, аммо ӯ дар соли 2003 бо нашри номаи саркушодае таъйини Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба мақоми раҳбари муаззами Эронро “ғайриқонунӣ” хондааст. Қосим Шӯъла Саъдӣ аз соли 1988 то соли 1996 вакили Маҷлиси Эрон буд.
XS
SM
MD
LG