Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Микрофонта хомӯш кун…»


Носирҷони Маъмурзода
Носирҷони Маъмурзода

Дар таҷрибаи кориам ин ифодаро аз забони мақомдорон зиёд шунидаам…

Дар «забон»-и журналистӣ як мафҳуме ҳаст, ки «беременная пауза» мегӯянд. Яъне, дар аксар маврид мусоҳибон ҳарфи калидӣ ва муҳимеро баъд аз лаҳзае таваққуф ё сукути муваққатӣ баён мекунанд.

Журналист ҳам бояд ҳамин «пауза»-ро ба мусоҳибаш бидиҳад, то ки фикри мусоҳиб бипазад ва дар рӯ ба рӯйи микрофонаш гуфта шавад.

Аммо вижагии кори мо аз ин иборат аст, ки ғолибан
Гапҳои "муҳим», одатан, баъд аз «куштан»-и микрофонҳо гуфта мешаванд...
мусоҳибон баъд аз «беременная пауза» тамоман хомӯш мешаванд. Тифле, ба истилоҳ, ба дунё намеояд.

Бо тақозои касб бисёр шуда, ки бо ихтисосмандони гуногун, мансабдорону коршиносон, кишоварзону муаллимон, фаъолони ҷомеа мусоҳиб шуда, дар мавриди муҳимтарин таҳаввулоти минтақа ва ҳатто рӯзгори одамони алоҳида сӯҳбат ороем.

Агар аз мусоҳибон, хоҳ шахси мансабдор бошад, хоҳ кишоварзӣ қаторӣ, дар бораи корнома ё дастовардҳои худашон бипурсӣ, одатан соатҳо ҳам сӯҳбат мекунанд. Табиати инсонӣ-да: ҳама худашро дӯст медорад (мардона иқрор бояд шуд!)

Аммо ҳар гоҳе саволи барояшон «нобоб» дода шавад, пастакак мегӯянд «Микрофонта як бор хомӯш кун…»

…Боре гузориши телевизионии як хабарнигори ВВС-ро тамошо карда будам, ки аз бозори пахтаи тавлиди Узбакистон ҳикоят мекард. Хабарнигор дар ин навор исбот кард, ки садҳо ҳазор тонна пахта дар Узбакистон асосан бо обилаи дасти кӯдакони мактабхон ғун шудааст.

Вай ҳатто ба кадом як нишасти байнулмилалӣ дар Тошканд роҳ ёфта, бо чанде аз ширкатдорони он, ки аз кишварҳои ғарбӣ барои бастани шартномаҳо оид ба харидории пахтаи узбакӣ омада будаанд, мусоҳиб шудааст.

Журналист вақте аз як масъули ширкати ғарбӣ, ки қасди харидории пахтаро доштааст, дар бораи сифати пахтаи узбакӣ ва мақомоти давлати Узбакистон пурсид, дар посух таърифу таҳсин шунид. Аммо суоли навбатии хабарнигор марди амрикоиро дар ҳоли шок қарор дод: «Оё шумо медонед, ки ҳамин пахта дар Узбакистон бо дасти ҳазорон кӯдак бар ивази пули ночиз ҷамъоварӣ мешавад? Ва оё шаҳрвандони кишвари шумо, ки харидори маҳсулоти ширкати шумоянд, медонанд, ки либоси танашон аз пахтаи чидаи кӯдакони узбак сохта шудааст?»

Масъули он ширкати ғарбӣ дар посух лол монда, хоҳиш мекунад, ки дурбин (видеокамера)-ро лаҳзае хомӯш бикунанд…

Нишон додани ҳамин лаҳза, ки «хомӯш кардани дурбин» хоҳиш мешавад, барои тамошобини гузориши телевизионӣ кофист, то ба суоли хабарнигор посух дарёбад. Дар кишварҳои пешрафта одамон дар масъалаи гуфтани гапи рост ва парҳез аз дурӯғ хеле ҳушёр буда, ҷиддӣ ҳастанд.

Он ҷо агар дурӯғгӯии инсоне ошкор шуд, вай обрӯю эътиборашро дар ҷомеа гум мекунад. Агар соҳибкор бошад, касе аз маҳсулоти ширкати вай чизе намехарад, шартнома намебандад, ҳамкорӣ намекунад. Агар нафари мансабдор бошад, ё вакил, бадном мешавад, эътимоди интихобкунандагонро дар як они воҳид аз даст медиҳад.

Хуллас, инсоне, ки рост намегӯяд, беобрӯ мешавад, қурби суханашро гум мекунад. «Ростиро завол нест» - шиори аксари кулли аъзои ҷомеаи кишварҳои мутамаддин аст ва одамон ба ҳамин восита барои худ эътибори дарозмуддат месозанд. Ҳама гуна, муносибот бар пояи боварӣ сохта шуда, одамон барои «дурӯғ» ё ваъдахилофӣ на танҳо обрӯи худ, балки бизнесҳои калонро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳеҷ нафаре намехоҳад барои ҷомеа ҳамчун дурӯғгӯ муаррифӣ гардад.

…Аммо, бо таассуф бояд иқрор кард, ки ин хислати писандидаи инсонӣ хоси бахши аъзами ҷомеаи мо нест. Дар ҷомеаи мо бештар нодида гирифтани аъмоли баду дурӯғ, пӯшондани воқеиятҳои сахти рӯзгор, зоҳирпарастию сохтакорӣ ҳоким аст.

Барои ҷомеаи мо ваъдахилофии мансабдорон, ё кашф шудани он ки дурӯғ гуфтаанду аз касе барои ин амал узрхоҳӣ намекунанд, як чизи маъмулӣ шудааст.
Нафаре барои дурӯғ гуфтанаш худро дар пеши ҷомеа, ё нафарони наздикаш бад ҳис намекунад.
Ҳатто аз фиреб кардани фарзандони худ ҳам гоҳе нороҳат намешавем.

…Гоҳе ҳамин гуна дурӯғро аз забони мансабдорони мусоҳибам шунида, барои исботи нодурустии ҳарфаш бечора мемонам. Гоҳе ночор ҳамин дурӯғашро ҳамчун мавқеи расмӣ нашр мекунам, то ки хонанда ё шунаванда худ қазоват кунаду ҳақиқатро дарёбад.

Дар чунин ҳолат беихтиёр навиштаи як ҳамкасбам дар рӯзномае ба ёд меояд, ки ба ҳамин мазмун гуфта буд: «Агар матлабҳои ВАО-ро мутолиа кунӣ, ба хулосае меоӣ, ки мо ва мансабдорони мо, дар 2 Тоҷикистони ҷудогона зиндагӣ мекунем: Ба ҳарфи баъзе мансабдорон гӯш диҳем, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё дар кадом як кишвари афсонавӣ зиндагӣ карда, тамоми шароити иҷтимоию маишии шаҳрвандон таъмин аст. Аммо агар ба воқеияти рӯзгор бингарем, хеле маҳзун мешавем, чун маълум аст, ки аксарият дар ҳоли фақр ба сар мебаранд…»

…Аммо агар саволи «мушкил» бидиҳем, баъзан вақт мусоҳибони соҳибмақом ба нотавонию дасткӯтаҳии худ иқрор мешаванд. Лекин, қабл аз ин ки «дил холӣ кунанд», ҳатман мегӯянд: «як борак микрофонта хомӯш кун…»

Аз прокуроре пурсидам, ки назараш ба лоиҳаи қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд чист. Гуфт, ки лоиҳаи хуб ва дар ҳоли ҳозир зарурист. Аммо вақте аз ӯ дар мавриди як банди ҳамин лоиҳа, ки амалан равуои афроди то 18-сола ба масоҷиду муассисаҳои дигари динӣ манъ мекунад, пурсидам, ки оё ба қонунҳои ҷории кишвар мухолифат намекунад?

Медонед дар посух чӣ гуфт? Бале, бале, ҳамон ҷумлаи бароямон ошнои «як бор диктофонатро хомӯш кун, бародар»-ро боз шунидам. Аммо баъди хомӯш кардани микрофон прокурор чӣ гуфт, намегӯям. Шояд аллакай пай бурдед…

Ҳамин чанд рӯз пеш дар ярмаркаи ҷойҳои холӣ дар Қӯрғонтеппа шоҳиди манзараи сӯҳбати муовини раиси як ноҳияи вилояти Хатлон бо корҷӯи дорои маълумоти олӣ шудам.

Муовини раис он корҷӯйро бо ҳар ваъда моил мекард, то барои кор дар ин ноҳияи дурдаст биравад: «Агар биёӣ, хонаат медиҳам, лекин дару тирезаашро худат дуруст мекунӣ. Агар хоҳӣ, замин ҳам медиҳем.

- Охир ман бо ин маоши кам, ки ақаллан 400 сомонӣ нест, чӣ хел дару тиреза мешинонам?, - ҳайрон шуд корҷӯй.
- Э, сода будаӣ-да. – ба тарафи мани журналист чашмакӣ зад муовини раис, - Охир ба ноҳия биёӣ, бухгалтеру кассир дар таги дастат кор мекунанд, о боз кам-кам «дуздиҳош» ҳаст-ку…»

Аммо баъд муовини раис (шояд ҳушёр шуд ки) ба тарафи банда бо чашми хоҳиш гуфт: «Мабодо микрофонта рӯшан накарда бошӣ, ки гапома запис кунӣ».

…Раиси пешини вилояти Хатлон Амиршо Миралиев (ҳоло муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ) ҳам дар замони кори худ дар Қӯрғонтеппа ҳам ҳамчун яке аз мансабдорони ошкорсухан шинохта шуда буд. Вай дар робита ба масоили гуногуни сиёсию иқтисодӣ озод изҳори назар мекард. Аммо боз ҳам мавзӯъҳое буданд, ки аз гуфтанаш худдорӣ мекард ва мегуфт, ки «агар микрофонҳо кушта шаванд, гап мезанам».

Ҳамин тавр, қариб нисфи нишастҳои матбуотӣ ҳам бе сабти аудиоию видеоӣ доир мешуд ва журналистон ҳам агар ба суолҳои худ посух мегирифтанд, онро расман нашр карда наметавонистанд.

…Хулоса, гапҳои зиёди муҳими мақомдорони замон ба гӯши шунаванда ё хонанда намерасанд, ҳарчанд ҷомеа имрӯз доғ аст, ки ошкорбаёнии раҳбаронашро бишнавад, то ки мутмаин бишавад, ки амалдорони замон ҳам аз ҳамин сайёра ҳастанду барояш дастрас мебошанд. Зеро «гапҳои муҳим», одатан, баъд аз «куштан»-и микрофонҳо гуфта мешаванд. Аммо, мо - журналистон, онро нашр карда наметавонем, чун қоидаи ҳирфаӣ ҳамин аст.

Шояд замоне ҳам бирасад, ки мансабдорону аъзои дигари ҷомеаи мо «микрофонро як лаҳза хомӯш кунед»-ро танҳо барои дурӯғгӯ нашудан бигӯянд. Ва беҳтар ин аст, ки ҳамин ҷумлаи гоҳе бо хитобу гоҳе бо оҳанги илтиҷооро дигар ҳеҷ журналисте нашунаваду гуфтани гапи ҳақ, хоҳ дарднок бошаду хоҳ созанда, ба одати якояки мо табдил ёбад. Ба ОДАТ!
XS
SM
MD
LG