Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ сӯзонида шудани "Қуръон"-ро маҳкум кард


Қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе

Қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баёнияе амали роҳиби амрикоиро маҳкум кард.

Дар ин изҳороти ҲНИТ, ки пас аз зӯҳри рӯзи панҷуми апрел ба нашр расид, ин амал "ифротгароёна" ва "ҷинояти зидди арзишҳои башарӣ" номида шудааст.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, "ин амали зиддиахлоқӣ на танҳо ба фазои тафоҳум ва муколамаи динҳои осмонӣ зарба мезанад, балки оқибатҳои ногуворе дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад дошт."

Ин ҳизби динии сиёсӣ дар Тоҷикистон қатли даҳҳо инсони бегуноҳ дар Афғонистонро намунае аз пайомадҳои хушунатбори ин кор донистааст.

"Шакке нест, ки доираҳои мушаххас дар паси ин ҳодисаи нангин истодаанд ва бо даст задан ба эҳсосоти миллионҳо одамон, раванди муътадилсозии муносибатҳои байни мусулмонон ва пайравони динҳои дигарро хатчадор кардан мехоҳанд"
,-омадааст дар ин баёния.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар баёнияи худ аз хомӯшӣ ва вокунишҳои заифи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳо ва ниҳодҳои расмӣ дар баробари ин амали роҳиби амрикоӣ низ интиқод карда ва аз онҳо даъват ба амал овардааст, ки "чораҳои лозимро барои пешгирии ин амал дар оянда бияндешанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG