Пайвандҳои дастрасӣ

Юриш ба қароргоҳи Лоран Гбагбо дар Соҳили Оҷ


Нерӯҳои вафодор ба раиси ҷумҳури эътирофшудаи кишвари африқоии Соҳили Оҷ имрӯз ба қароргоҳи Лоран Гбагбо, раиси ҷумҳури феълӣ юриш бурданд, ки ӯ аз таҳвили қудрат сарпечӣ мекунад. Сокинони атрофи ин кохи раиси ҷумҳур дар маркази шаҳри Обидҷон аз маҳалҳои зисти худ фирор кардаанд. Юриш ба кохи раёсати ҷумҳур баъди ҳамлаҳои чархболҳои Фаронса ва Созмони Милал ба пойгоҳҳои низомии Лоран Гбагбо шурӯъ шудааст. Айни ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ҳамлаи посдорони сулҳи Созмони Милал дар Соҳили Оҷро ноҷо хонд, зеро ба гуфтаи ӯ, ин нерӯҳо бояд дар ин муноқиша “бетараф” бошанд.
XS
SM
MD
LG