Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кош чанд сол пеш СПИД-ро медонистем


Қиссаи ман дар бораи ноогаҳӣ, нангу номуси дурӯғин ва тақдири талхи апаам аст ва ин ҳодисаи мудҳиш, ки хонадони моро солҳои дароз мотамзада кард, соли 1996 рух дод.

Даврае буд, ки дар Тоҷикистони мо алангаи оташи ҷанги бародаркуш нав хомӯш шудаву ҳанӯз дуду чанги он аз димоғҳо ва ғаму дарди он аз дилҳо нарафта буд.

Он солҳо дар кишвари мо мардум ва фикр мекунам, шояд духтурҳо низ дар бораи бемории вируси ВИЧ- СПИД мисли героин, терроризм ва дигар унсурҳои номатлуб, он қадар огаҳӣ надоштанд ва шояд маълумот доштанд, вале дастгоҳу таҷҳизоти ташхиси он мавҷуд набуд. Ана ҳамин СПИД-и лаънатӣ сабаби марги апаи ман шуд.

СПИД! ҳарчанд аз миён солҳои зиёд гузаштааст, ҳар бор ин калимаро шунавам ва ё дар ҷое вохӯрам, баданамро ларза фаро мегирад.

Мо дар яке аз деҳоти дури ноҳияи Ваҳдат зиндагӣ мекардем. Мо 9 хоҳару бародарем. Воқеан ҳоло 8 нафар мондаем. Чунки апаам худро ба дарёи Кофарниҳон андохта, кушт.

Баробари сар шудани ҷанг падарамон барои мардикорӣ ба Русия рафт.

Ман он вақт 15-сола будаму апаам, ки фарзанди калонӣ буд, 19-сола. Дар ёдам ҳаст, ки падарам аз Русия ҳамон вақтҳо зуд-зуд телефон карда, ба модарам таъкид мекард, ки “ягон одами камтар дурусттару мӯъмину мусулмон пайдо шавад, додан гир духтарҳоро, нигоҳ надор, замона нотинҷ.”

Модарам аз таъкидҳои падарам ба ҷон омада буд, ки аввалин хостгорҳоро “не” нагуфта, қадри имкон тӯй карду апаамро ба хонаи шавҳараш гусел кард. Шавҳари апаам марди зандида буду аз апаам 7 сол калон (зани ӯ вафот карда буд). Вале апаам ӯро дӯст дошта буд, ки ҳар бор ба хона меомад, шавҳарашро таъриф мекард.

Аз тӯяшон 6 моҳ гузашта буд, ки шавҳари апаам низ роҳи Русияро пеш гирифт. Бо як рафтан баъди якуним сол баргашт. Омаду балои азимеро ба сари апаи бечораам овард. Ҳамаги се моҳ ин ҷо монду дар ин муддат ба гуфтаи апаи марҳумам, касалам гуфта, худашро табобат мекард.

Баъди дубора ба Русия рафтани шавҳараш, апаам ба хонаи мо омаду аммо дигар ҳолу ҳавои пешинаро надошт. Агар як рӯз сиҳат бошад 3-4 рӯзи дигар бемор буд. Дардашро касе намедонист. Мо, наздикон, фикр мекардем, обистан, ки ҳаст, мушкилоте дорад.

Модарам баъзан муллоҳоро оварда, ӯро “чилёсин” мекард. Ба назди фолбин мерафту баргашта мегуфт, ки фолбин гуфт, касе ӯро дард гузаронидааст. Ё аз фолбини дигар хабар меовард, ки касе аз хонаводаи шавҳараш ӯро “ҷоду” хӯрондааст.

Рӯзе аҳволи апаам бадтар шуду кӯдаки батнаш афтод. Пизишкон ӯро диданд, каму беш табобат ҳам фармуданд, вале дардеро, ки ӯро азият медод, муайян карда натавонистанд.

Бисёрии вақт бо андак шамолхӯрӣ грипп мешуд. Табаш баланд мегашт. Ҳамеша бе иштиҳо ва бемадор буд. Доим сарашро бо чанд сарбанд мебасту аналгин мехӯрд. Мегуфт, ҳамин аналгин камтар дарди сарашро паст мекунад. Агар ҳолашро пурсӣ, мегуфт, ки баданам меларзад ва поёни шикамаш аз дарун месӯзад ва мегуфт, “ин чӣ дарде ҳаст, ки то маро накушад, намемонад.”

Аз миён қариб ду соли дигар гузашту шавҳараш наомад ва хабараш омад, ки бемор аст ва дар кадом як беморхонаи шаҳри Самара хобидааст. Лекин пеш аз ин борҳо аз ҳамқишлоқиҳоямон, ки ба Русия рафтуомад доштанд, шунида будем, ки шавҳари апаам занакбозӣ мекунад, вале ба апаам намегуфтем, ки дилаш озор наёбад.

Як рӯз, вақте ман аллакай шавҳардор будаму барои хабаргирии апаам омада будам, дидам ки дар сари ҷойгаҳаш нишаставу кадом як рӯзномаеро бодиққат мехонад. Ман ки дастархон мегустурдам, шухикунон гуфтам: “Ҳа, маълима, чӣ ин қадар сахт хонда истодаӣ?”

Апаам ҳатто сарашро боло накарда, хондани рӯзномаро идома дод. Баъди чанде сарашро боло кард ва дидам ки чашмонаш пури обанд. Ман чеҳраи апаамро бо ҳама ин дармандиҳояш, бори аввал чунин беҳиссу ғамзада дидам. Ранги рӯяш паридаву лабонаш меларзиданд.

Вақте пурсидам, ки “чӣ гап шуд охир, чаро гап намезанӣ?”, хомӯш рӯзномаро ба дастам дод. Дидам, ки мақолаи калоне бо сарлавҳаи «СПИД -- вабои аср» ва дар зераш бо хатти майдатар «аломатҳои СПИД ва роҳҳои халосӣ аз ин бемории маргбор кадом аст?» навишта шуда буд.

Ман мақоларо хондам ва аз нишонаҳои бемори СПИД, ки муаллиф кадом мутахассисе буду бисёр амиқу фаҳмо дар бораи аломатҳо ва нишонаҳои ин беморӣ навишта буд, фаҳмидам, ки апаам гирифтори ҳамин беморист. Вале ӯро дилбардорӣ карданӣ шудаму гуфтам, “охир духтурхо ташхис карданд-ку туро. Агар ин бемориро медоштӣ, мефаҳмиданд.”

Вале апаам гирякунон гуфт, ки «ман медонам ин касалро кӣ ба ман гузаронидааст. Илоҳо худо занад шавҳари ғарамро. Худаш касал будаасту омада ба ман гузаронидааст. Бечора тифлакамро кушту маро ҳам мекушад. Вой, худоҷон, дидӣ, Мастура, дар ин газета навиштаанд, ки духтурҳо ин касалро ёбанд, бояд ғайрихоҳиши бемор ӯро маҷбурӣ бурда табобат кунанд. Ин гуна беморонро аз дигарон дур бояд нигоҳ дошт, навиштаанд. Агар мардум фаҳмад чӣ? Агар он ҳамсинфам, ки мехост маро ба занӣ гирад ва ман писандаш накардам, фаҳмад хурсанд мешаваду мегӯяд, ки хуб шудӣ. Ман шарманда шудам, чӣ кор кунам?» Инро мегуфту зор-зор гиря мекард ва аз ман илтиҷо мекард, ки ба ҳеҷ кас, ҳатто ба модарам ҳам ин сирро накушоям.

Он шаби наҳс ман ҷойгаҳамро дар назди апаам андохтам. Мо то ними шаб бо ҳам сӯҳбат кардем, лекин ман бештар гап мезадам, вай хомӯш буду гиря мекард. Мани нодон аз куҷо донам, ки вай дар дил нақшаи худкушӣ мекашад. Дар охири шаб хоби ғафлатам бурдааст ва аз ҷойгаҳ хестану рафтани апаамро пай набурдаам.

Маро доду фарёди модарам аз хоб бедор кард, ки мегуфт: «Вой духтари беақл, чаро инхел кардӣ? Мардум бароед, дарёро кобед шояд духтарам ҳоло зинда аст, гуфта фарёд мекашиду ба ҳар ҷониби ҳавлӣ медавид. Маълум шуд, ки қарибии субҳидам як пиразани ҳамдеҳаамон аз дур дидааст, ки апаам аз болои пул худро ба дарё партофтааст.

Дар як дам рӯйи ҳавлии мо ва лаби дарёи Кофарниҳон, ки ҳамаги 50 қадам дуртар аз ҳавлии мо ҷорист, пур аз одам шуд. Он рӯзу рӯзи дигар апаамро наёфтанд. Ҷасади ӯро баъди 4 рӯз аз дарё пайдо кардему ба хок супурдем.

Баъд аз ин воқеа баъзе мардуми бадгӯй бар замми ғами ба сарамон омада апаамро овозаҳо карданд, ки гӯё шавҳараш ӯро бо касе дида талоқаш додааст. Аз каси дигар ҳомиладор шудаву аз тарси шармандагӣ худро ба дарё андохтааст. Ва боз чандин овозаҳои дигар, ки боиси сархамиву шармандагии мо гашт. Вале касе то имрӯз намедонад, ки сабаби худкушии апаи ман шавҳари булҳавасаш ва ҳамин бемории марговар аст, ки вабои асраш меноманду ҳоло дар кишвари мо ҳам доман паҳн кардаву як дарди бедавое шудааст.

Соҳили Кофарниҳон, ки айёми наврасӣ ҷойи дӯстдоштаи ману апаам буд, чандин сол аст, ки ҷонибаш бе ашки равон нигоҳ карда наметавонам.

Ҳар бор чашмам ба мавҷҳои бозикунон равонаш афтад, дар миёни мавҷҳои он чеҳраи апаи ҷавонмаргамро мебинам, ки гирякунон мегӯяд: «Мастура, ман фаҳмидам, ки ин чӣ беморист. Акнун чӣ кор кунам, шарманда шудам.» Ва ба худ меандешам, ки агар ҳамон вақт мисли ҳозир дар бораи ин бемории марговар духтурҳо маълумот медоштанду кӯмаку маслиҳаташ медоданд, шояд апаи ман ҷони ҷавони худро тӯъмаи дарё намекард.

Мастура (номи тағйирхӯрдаи ман аст), сокини ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат)
XS
SM
MD
LG