Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензини русӣ ҷойгузин хоҳад дошт?


Қимати бензин дар нуқтаҳои бензинфурӯшии Душанбе ҳудудан 30 то 40 дирам афзоиш ёфтааст.

Субҳи имрӯз 5-уми апрел, бензини навъи 92, чор сомониву 60дирам ва бензини навъи 95, чор сомониву 90 дирам ба фурӯш мерасид. Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи пеш ин анвои бензин мутаносибан 4 сомониву 40 дирам ва 4 сомониву 50 дирам қимат дошт.

БЕНЗИН МАҲСУЛОТРО ҲАМ ҚИМАТ КАРД

Ба думболи афзоиши қиммати бензин болоравии нархи соири маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон низ ногузир хоҳад буд. Зеро ба гуфтаи коршиносон, афзоиши нархи бензин боиси афзоиши қимати ҳамлу нақли маводи мавриди ниёзи мардум ва гаронии арзиши аслии маҳсулот хоҳад шуд. Таҳлилгарон аз ин ҳам бештар афзоиш ёфтани қимати бензин ва маҳсулоти дигарро ба думболи он дар бозорҳои Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд.

Болоравии қимати бензин дар бозорҳои Тоҷикистон ба думболи тасмими ҳукумати Русия ҷиҳати боло бурдани боҷӣ содиротӣ барои фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро боло бурдааст.

РУСИЯ БОҶИ НАФТИРО АФЗОИШ ДОД

Тиби қарори ҳукумати Русия, боҷи содиротӣ барои нафт ва фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон аз аввали моҳи апрели 5,3 дарсад барои ҳар тоннаи он афзоиш ёфтааст. Ва акнун қимати ҳар тонна бензин барои Тоҷикистон 283 доллар тамом хоҳад шуд. Русия аз моҳи майи соли гузашта барои содироти нафт ба Тоҷикистон боҷӣ содиротӣ ҷорӣ намуд. Дар ҳоле, ки аз соли 1995 то соли 2010 Тоҷикистон бар асоси таруфаҳои имтиёзӣ маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекард.

Дар тобистони соли гузашта сарвазири Тоҷикистон тибқи номае аз ҳамтои руси худ Владимир Путин хост, ки боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кунад. Аммо ин таруфаҳо на танҳо, ки лағв нашуд, балки сар аз моҳи апрел боз ҳам боло бурад шуд. Русия ҳоло барои кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ тибқи муоҳида ва барои Қирғизистон ба сурати истисно маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ мефурӯшад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунон талош дорад, Русияро барои лағви ин муқаррарот моил кунад. Аммо бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, ин навъе фишори Русия ба ҳукумати Тоҷикистон аст, то ба хостаҳо худ дар мавриди масоили мавриди баҳс даст ёбад.

ФИШОРИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН?

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик дар ин бора мегӯяд, Русия мехоҳад аз роҳи фишори иқтисодӣ ҳадафҳои сиёсии худро думбол кунад.

Оқои Абдуллоев мегӯяд: «Аз як ҷониб агар назар кунем, ҷорӣ кардани боҷӣ содиротиро метавон, навъе эъмоли фишори иқтисодии Русия ба Тоҷикисон ба манзури ҳосил кардани мафиатҳои сиёсӣ унвон кард. Ба сурати ғайри мустақим инро метавон навъе андоз ё молиёти навбатӣ аз иқтисоди Тоҷикистон номид. Зеро афзоиши қимати нафт ба боло рафтани ҳамаи навъи маҳсулоти бозор таъсир хоҳад гузошт. Аз ҷониби дигар иқдоми Русия мантиқӣ аст, зеро барои тайини қимати маҳсулоти худ ҳақ дорад. Пас роҳи ҳал якест, аз миён бурдани монополияи бозори маҳсулоти нафтӣ аз сӯи Русия, ки ин ҳам дар шароити кунунӣ амалан номумкин аст».

"РУСИЯ СОҲИБИ МОЛИ ХУДАШ АСТ..."

Аммо Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲКТ ҳадаф аз боло бурдани боҷи содиротии нафт ба Тоҷикистонро сирф як иқдоми иқтисодӣ медонад ва ҳар гуна ҳадафи сиёсии ин иқдоми мақомоти Русияро рад мекунад. Ӯ мегӯяд: «Русия соҳиби моли худаш аст. Мо дигар як давлат нестем, даъво карда наметавонем, ки чаро ин хел нарх мемонад. Вақте мо пахтаву алюминийро нарх мемонем ё кишмишро, аз Русия намепурсем ку. Онҳо ҳам ҳақ доранд худашон нарх монанд ба
Шодӣ Шабдолов
маҳсулоти худашон. Инро дар ҳадди муносибатҳои давлатӣ матраҳ кардан ҳеҷ маъно надорад. Ин масъалаи иқтисодӣ аст. Вақте ба иттиҳоди нав ворид шудем, ин масъала ҳал мешавад. Феълан механизми ҳал надорад».

ЧОРА ЧИСТ?

Ба ҳамин тартиб, аксари коршиносон яке аз роҳҳои ҳалли масъаларо аз миён бурдани монополияи ширкатҳои русӣ дар бозори нафтии Тоҷикистон медонанд. Дар ҳоли ҳозир ширкати «Газпромнефт»-и Русия воридкунандаи аслии бензин ба Тоҷикистон аст ва бино ба омори расмӣ, 92 дарсади бозори маҳсулоти нафтиро таҳти инҳисори худ дорад.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати бензин ва соири қиматҳои бозор, бояд манбаъҳои соридоти дигари маҳсулоти нафтиро пайдо кунад. Аммо суол ин аст, ки чунин иқдоме амалӣ ва мумкин аст ва Тоҷикистон метавонад аз кишварҳои дигаре ниёзи худ ба бензинро таъмин кунад?

РОҲИ ҲАЛ - МУЗОКИРА БО РУСИЯ?

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Ба назари ман ин кор феълан имкон надорад. Зеро наздиктарин кишварҳои тавлидкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Туркманистон ва Эрон ҳастанд. Аммо бино ба маълумоти ман, ин кишварҳо сарфи назар аз тавлидоти азиме, ки доранд дар дохили худ ба камбуди бензин мувоҷеҳанд. Ва наметавонанд аз ин лиҳоз ба ниёзҳои мо посух бигӯянд. Барои ҳамин роҳи ҳал музокираи ду ҷониба бо Русия аст, то дар сари қиматҳо як натиҷаи матлуб ҳосил шавад. Аммо барои он, ки чунин натиҷае ҳосил шавад, бояд далелҳои муфидеро барои Русия Тоҷикистон пешниҳод кунад. Аммо дар ҳоли ҳозир чунин истидлолеро намебинам, ки Тоҷикистон бар асоси иқтисодии он Русияро битавонад моил кунад, ки ба Тоҷикистон дар ворид кардани маҳсулоти нафтӣ имтиёз бидиҳад».

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, як роҳи дигари ҳалли масъала, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ аст. Иттиҳодияе, ки феълан аз Русия, Белорус ва Қазоқистон иборат аст ва Қирғизистон низ дар навбати ворид шудан ба он мебошад. Аммо Русия ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, ҳоло моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия низ нест.

Таҳлилгарон мегӯянд, танҳо корти имтиёзе, ки дар дасти мақомоти Тоҷикистон боқӣ мемонад, савдо бар сари масоили сиёсӣ ва низомӣ ва додани имтиёз дар ин масоил ба Русия аст. То Русия эҳтимолан дар баробари ризояти Тоҷикистон барои истифодаи ройгон аз фурудгоҳи Айнӣ ва гирифтани имтиёз дар назорати марзҳои Тоҷикистон ба лағви боҷи содиротӣ мувофиқат кунад. Яъне Тоҷикистон дар ояндаи наздик бештар ва қотеътар дар мадори Русия қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG