Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахна дар сипари кураи Замин васеътар шудааст


Созмони байналмилалии ҳавошиносӣ эълом кард, қабати озон, ки сипари муҳофизатии кураи Замин аз нурҳои зиёновари ултрбунафши Офтоб аст, башиддат коҳиш ёфтааст. Ин муассисаи Созмони Милал гуфт, қабати озон дар фазои Арктика сар моҳи март то 40 дар сад коҳиш ёфтааст, агарчӣ дар соли гузашта 30 дар сад буд. Мавҷудияти таркибҳои химиявии зудояндаи қабати озод ва ҳавои сарди зимистонӣ дар қабати стратосфера омилҳои аслии ин зуҳурот будааст. Таркибҳои химиявӣ ба мисли сардкунандаи яхдон қабати озонро вайрон мекунанд ва соли 1987 Аҳдномаи байналмилалии Монреал қабул шуд, ки коҳиш додани истифодаи таркибҳои химиявии зудояндаи озонро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG