Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия ба содироти нафт оғоз мекунанд


Дар Либия имрӯз киштии нафткаше дар минтақае барои хариди нафт, лангар меандозад, ки таҳти назорати шӯришиён қарор дорад. Ллойд интелиҷенс, як ширкати оморӣ гуфт, киштии мутаалиқ ба Либерия имрӯз ба бандари нафтии шаҳри Тобруқ дар шарқи Либия ворид мешавад. Маълум нест, ки кадом ширкат барои хариди нафт киштии мазкурро киро кардаст. Баъди шӯридани мардум алайҳи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия содироти нафт аз кишвар коҳиш ёфт. Ба эътиқоди ширкати Ллойд, нафти харидоришуда аз шӯришиёни Либия барои фурӯш ба Қатар интиқол мешавад.
XS
SM
MD
LG