Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд аз иҷрои кунди тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд,

Ин ду ниҳоди байнулмилалии молиявӣ мегӯянд, иҷрои аксар барномаҳо ба иллати камбуди тавонмандиии мутахассисон ба дарозо мекашад.

Ба гуфтаи масъулони Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, сармояи ин бонкҳо дар иҷрои барномаҳои инвеститсионии
Мо дар бораи кадрҳо ҳеҷ мушкиле надорем. Мо дар потенсиали кадрӣ дар соҳаи барқ яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказӣ ҳастем.
Тоҷикистон то соли 2014 беш аз 692 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди 314 миллион доллараш грантҳо ё кӯмакҳои бебозгашт аст.

Ҷоҷӣ Текешӣ, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфт, ки заъф дар мудирияти барномаҳои энержӣ, аз ҷумла навсозии нерӯгоҳи Норак, барномаи бобақои пахтакорӣ, барномаи рушди рустоҳо ва амсоли ин ба коҳиши суръати иҷрои онҳо дар ҷумҳурӣ сабаб гаштааст.

ОЁ НИГАРОНИҲО ВОҚЕИЯТ ДОРАД?

Нигаронии Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд аз камии тавони вазорату кумитаҳо ва ғайриҳирфаӣ будани кадрҳо дар идора ва муассисаҳо то куҷо воқеият дорад?

Анвар Латифов, масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд: “Дар мавриди он, ки шояд дар аксар вазоратҳо ва идораҳо кадрҳои мувофиқи матлаб кор намекунанд, ман гумон мекунам, асос ҳаст, ки зери шубҳа гузорем. Дар вазорати мо низ, ки вазорати калидӣ дар иқтисод ба ҳисоб меояд, ин масъала доимо матраҳ мешавад. Мо ҳар ду моҳ аз тариқи расонаҳои хабарӣ озмун эълон мекунем ва бар асоси қонуни давлатӣ, ин озмун баргузор мешавад ва мо кадрҳои ҳирфаиро ба кор қабул мекунем.”

"БАРҚИ ТОҶИК" РАД МЕКУНАД...

Аммо ширкати “Барқи тоҷик” ба иддаоҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд дар мавриди заифии кадрҳо ва кундкорӣ дар иҷрои барномаҳои энержӣ, бахусус навсозии нерӯгоҳи Норак розӣ нест.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар ин бора расман изҳори назар кард: “Таҷдиду навсозии нерӯгоҳи Норак қафо назадааст. Мо дар потенсиали кадрӣ дар соҳаи барқ яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказӣ ҳастем. Дар мо ҳам Институти политехникӣ ҳаст бо факултаи энергетика ва ҳамчунин Институти энергетикаи шаҳри Қӯрғонтеппа, барои мо кадри ҳирфаӣ тарбия мекунад. Ба иловаи ин, донишҷӯён аз ҳисоби ”Барқи тоҷик” дар институти политехникии Харков ва Новосибирск таҳсил мекунанд ва қаблан ҳам таҳсил кардаанд. Мо дар бораи кадрҳо ҳеҷ мушкиле надорем.”

ИДОРАҲОИ ХОНАВОДАГӢ ВА Ё ҚАВМӢ?

Аммо Георгий Петров, коршиноси бахши энержӣ ва собиқ муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар ин бора назари дигар дорад. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле, ки раиси бахши гидротехникии ширкати “Барқи Тоҷик” аз рӯйи ихтисос геолог ҳаст, пас чӣ ҷои баррасии кадр дар ин ширкат боқӣ мемонад.

Ҷаноби Петров афзуд: “Ғайр аз геологҳо дар ин ширкат нафарони зиёди ғайриҳирфаӣ кор мекунанд. Умуман, дар ширкати “Барқи Тоҷик” ва вазорати энержӣ мансабдорон кор мекунанд, на балки мутахассисон, ки бо институт ва марказҳои пажӯҳишӣ робита дошта бошанд. Бадии кор дар он аст, ки на вазорат ва на ширкат барномаҳои мушаххаси рушди энержӣ бо ҳисоби дақиқи молиро дар даст надоранд. Ҷуз чанд барномаи сохтмони нерӯгоҳҳо, ки даҳсолаҳои қабл тарҳрезӣ шудаанд.”

Ба қавли бархе аз коршиносон, масъалаи кадрҳои ҳирфаӣ аз мавзӯъҳои доғи Тоҷикистон аст ва ба эътиқоди Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир бархе аз вазорату идораҳо дар Тоҷикистон "хонаводагӣ ё қавмӣ" шудаанд.

Ба ин далел вай пешниҳод карда буд, ки давлатро зарур аст, қонун дар бораи маҳалгароӣ ва хешовандсолориро таҳия ва тасвиб кунад, то аз ин рӯйдоди номатлуб, ки ба монеае дар рушди ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, ҷилавгирӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG