Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳуротҳо алайҳи сӯхтани Қуръон дар Кобул


Дар Афғонистон имрӯз тазоҳурот алайҳи сӯхтани нусхаи китоби Қуръон аз сӯи як роҳиби калисои кӯчаке дар аёлати Флоридаи Амрико идома кард. Садҳо донишҷӯи афғон имрӯз дар шаҳри Кобул ҷамъ омада ва хостанд, то фарде, ки Қуръонро ба оташ андохтааст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. То кунун дар тазоҳуротҳо алайҳи сӯзонидани Қуръон дар Афғонистон дасти кам 22 нафар аз ҷумла ҳафт корманди Созмони Милал кушта шудаанд. Роҳиби амрикоӣ Қуръонро рӯзи 20 март ба оташ андохтааст.
XS
SM
MD
LG