Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҷангҳо дар шаҳри Обидҷони Соҳили Оҷ


Бино ба гузоришҳо, ҷангҳо дар шаҳри Обидҷон аз марказҳои аслии кишвари Соҳили Оҷ идома дорад. Дар ин онҷо нерӯҳои раиси ҷумҳури эътирофшуда Алласане Оутарра ва нерӯҳои вафодор ба Лаурент Гбаго, раиси ҷумҳури феълӣ, ки аз супурдани қудрат сарпечӣ мекунад, дар ду тарафи сангар қарор гирифтаанд. Лаурент Гбаго, бо вуҷуди шикаст дар интихобот, аз додани қудрат сарпечӣ кард ва бӯҳрони сиёсӣ ба низоъ печид. Нерӯҳои Оутарра гуфтанд, ки қароргоҳи Гбаго дар Обидҷонро ишғол кардаанд ва ҳоло мунтазиранд, ки ӯ истеъфо медиҳад. Рӯзи душанбе чархболҳои Созмони Милал ва Фаронса тӯпхонаҳои Лаурент Гбагоро ҳадаф гирифтанд, зеро ба гуфтаи Созмони Милал нерӯҳои онҳо, ба таъсисоти созмон ва кормандони он ва мардуми ғайринизомӣ ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG