Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи андозагирии радиатсия дар мактабҳои Ҷопон


Мақомоти минтақаи Фукушима дар шимолушарқи Ҷопон имрӯз ба андозагирии мизони радиатсия дар кӯдакистон ва мактабҳо шурӯъ кардаанд, ки мабодо дар онҳо радиатсия аз нерӯгоҳи осебдидаи атомии Фукушима зиёд нашуда бошад. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар зарфи 2 рӯз, мизони радиатсия дар 1400 мактаби минтақа андозагирӣ хоҳад шуд. Айни замон, кормандони нерӯгоҳи Фукушима, оби каме олуда ба маводи радиоактивро ба Уқёнуси Ором мерезанд, то барои нигаҳдории партобҳои хатарноки атомӣ ҷой пайдо шавад. Ба навиштаи матбуоти Ҷопон, 11 500 тонна оби олуда, ки маводи радиоактив, ки мизони олудагии он 100 маротиба бештар аз меъёр аст, ба уқёнус рехта хоҳад шуд. Талош барои ба эътидол овардани вазъи нерӯгоҳи Фукушимаи Ҷопон идома дорад, ки он бар асари заминларза ва сунамии харобиовари рӯзи 11 март сахт осеб дид ва муҳити атроф ва оби дарёи наздик ба нерӯгоҳ бо маводи атомӣ олуда шуданд.
XS
SM
MD
LG