Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Амрико


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарҳи Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишвар бо ниҳоди шабеҳи вазорати адлияи Амрикоро тасвиб кардааст. Бар асоси ин санад, маъмурони амниятии Тоҷикистону Амрико метавонанд, барои ошкор кардан ва баҳам задани гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар ҳамроҳ амалиёт анҷом диҳанд. Санади мазкур ҳамчунин ба мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Амрико ва Тоҷикистон иҷоза медиҳад, бо ҳам табодули иттилоъ кунанд ва амалиётҳои фаврӣ ҷустӯҷуӣ анҷом диҳанд. Тоҷикистон ҳамсоякишвари Афғонистон аст, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG